Хадамоти алоқа тақрибан ҳамаи ширкатҳои мобилиро ҷарима кард

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМужчина со смартфоном в руках
Мужчина со смартфоном в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2026
Обуна шудан
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилии кишварро барои риоя накардани талаботи муқарраршуда беш аз 605 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Исфандиёри Саъдулло, роҳбари Хадамоти алоқа, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 605 ҳазору 310 сомонӣ ҷарима таъйин ва аз ин ҳисоб 590 ҳазору 400 сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст.
Вай сабаби асосии ҷаримашудани ширкатҳоро ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набудани сифати хидматрасонии алоқаи барқӣ дар ҷумҳурӣ унвон кард.
Исфандиёр Саъдулло гуфт, ки ҳоло дар Хадамоти алоқа маркази махсуси мониторинг фаъолият мекунад, ки сифати алоқаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ назорат мекунад.
“Дар натиҷаи мониторинг мо агар камбудиҳоро дар самти алоқа дарёфт намоем, ҳатман ширкатҳои мобилиро ҷарима мекунем”, – изҳор дошт роҳбари ниҳод.
Роҳбари Хадамоти алоқа илова кард, ки дар маҷмӯъ қариб ягон ширкате нест, ки ҷарима нашуда бошад.
Ба иттилои Хадамоти алоқа ширкатҳое, ки ҷарима шуданд ин “Вавилон-Мобайл”, ҶСП “ТТ-Мобайл”, ширкати “Индиго Тоҷикистон”, ҶСП “Таком” (Zet-Mobile) ва ҶДММ “Тоҷикмобайл” мебошанд.
Здание Службы связи в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро муҷозот кард
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин ниҳод новобаста аз ҷаримаи ширкатҳо, даромади онҳо дар шаш моҳи охир қариб ба 3 миллиард сомонӣ расид.
Ба гуфтаи Исфандиёри Саъдулло, ширкатҳои мухобиротӣ ва корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2,9 миллиард сомонӣ даромад ба даст овардаанд.
Ин рақам дар қиёс нимаи аввали соли 2025-ум 23,8% зиёд будааст. Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар 6 моҳи соли гузашта, 2,4 миллиард сомониро ташкил дода буд.
Роҳбари Хадамоти алоқа гуфт, ки аз ҳисоби ин даромадҳо ба буҷети давлат ба маблағи 837 миллион сомонӣ андоз супурда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0