Низоми “Антифрод” пеши роҳи 83% зангҳои қаллобӣ аз хориҷ ба Тоҷикистонро гирифтаст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТелефон в руке, архивное фото
Телефон в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон низоми зидди қалобӣ, роҳандохӣ шудааст, санҷиши зангҳои воридотии байналмилалӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми ду моҳ пас аз роҳандозии низоми зидди қалобӣ– "Антифрод" 363 ҳазор зангҳои байналмилалӣ, ки эҳтимолан қаллобӣ ё дорои нишонаҳои ивазкунии рақамбуданд, рад шудаан.
Дар ин бора Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ, қайд кардааст, ки низоми мазкур бо дарназардошти афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ тавассути шабакаҳои мобилӣ, аз ҷумла ҳолатҳои иваз намудани рақами зангҳои содиротӣ – spoofing роҳандозӣ шудааст.
Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки низоми зиддиқаллобии "Антифрод"бо ҷалби мутахассисони ватании ҶСК "Тоҷиктелеком" таъсис ва роҳандозӣ гардидааст.
“Айни замон ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон ба низоми мазкур пайваст гардида, санҷиши зангҳои воридотии байналмилалӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Здание Службы связи в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро муҷозот кард
Таъкид шудааст, ки аз 1 май то 1 июли соли равон низоми "Антифрод" наздик ба 437 ҳазор занги воридотии байналмилалиро санҷида, ба наздик 74 ҳазор занг иҷозати пайвастшавӣ дода, 363 ҳазори ё ин ки 83,1% дарсади онҳоро ҳамчун эҳтимолан қаллобӣ ё дорои нишонаҳои ивазкунии рақам рад кардааст.
Хадамоти алоқа мегӯяд, ки низоми мазкур яке аз тадбирҳои муҳим барои коҳиш додани хавфи киберқаллобӣ, пешгирии spoofing ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои мобилӣ ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0