Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Захарова: Бритониё Украинаро барои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ идора мекунад

© telegram Sputnik_TajikistanЗахарова: ҷаҳонро аз фашизм сарбози шӯравӣ наҷот дод
Захарова: ҷаҳонро аз фашизм сарбози шӯравӣ наҷот дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Обуна шудан
Намояндаи расмии вазорати хориыаи Русия гуфт, ки Бритониё Украинаро барои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар Русия истифода мебарад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки Лондон ҳангоми ҳамлаҳои террористии худ режими Киевро фиреб медиҳад.
Қаблан Хадамоти иктишофии хориҷии Русия изҳор дошт, ки ҳамлаи Киев ба Осорхонаи дифоъии Севастопол як таҳрики бодиққат тарҳрезишудаи Лондон ва ниҳодҳои иктишофии он буд.
"Лондон ҳангоми ҳамлаҳои террористии худ режими Киевро истифода мебараду фиреб медищад", - гуфт Захарова ба РИА Новости дар шарҳи ин маълумот.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфт, Бритониё бояд барои ҳамла ба Осорхонаи дифои Севастопол ва дигар ҷиноятҳои ваҳшиёна алайҳи мардуми Русия ва Украина бояд ҷавобгӯ бошад.
Ракетный удар по Киеву, Украина, 2 июля 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия ҳадафҳои ҳамлаи бузург ба Киевро ошкор кард
"Мутаасиф аст, ки Лондон дарси гузаштаро нагирифтааст. Мо мутмаин ҳастем, ки бритониёиҳо бояд барои ин ҳамла ва ҳамчунин барои бисёре аз ҷиноятҳои ваҳшиёна алайҳи мардуми Русия ва Украина посух гӯянд", — гуфта мешавад дар изҳорот.
Дафтари матбуоти Хадамоти истихбороти хориҷии Русия дар баёнияе гуфтааст, ки ҳамлаи Киев ба Осорхонаи дифои Севастопол дар моҳи июн як иғвои бодиққат тарҳрезишудаи Лондон ва хадамоти иктишофии он буд. Қайд карда мешавад, ки миссияҳо аз ҷониби мутахассисони бритониёӣ, ки таҳти ниқоби мушовирони низомӣ амал мекунанд, посух хоҳанд гирифт.
Лентаи хабарҳо
0