https://sputnik.tj/20260704/tojikiston-tekhnologiya-kommunikatsioni-rushd-1078805463.html
Дар Тоҷикистон технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ рушд хоҳанд кард
Дар Тоҷикистон технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ рушд хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиёни чорабинии махсус як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла вазъи кунунии ин соҳа дар ҷумҳурӣ, ба миён гузоштанд
2026-07-04T17:02+0500
2026-07-04T17:02+0500
2026-07-04T17:02+0500
дар тоҷикистон
технологияи навин
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/03/1078785549_0:1039:2048:2191_1920x0_80_0_0_63a0240d04520d582ae879916e9e79c2.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Дар Душанбе бо иштироки Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон форуми рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) баргузор гардид.Мавзӯи асосии чорабинӣ таҳлили вазъи кунунии ин бахш дар кишвар буд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ниҳоди дахлор.Муҳокима бар асоси "White Paper "Tajikistan National ICT Development", ки аз ҷониби ширкати байналмилалии таҳлилии IDC бо ҳамкории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2025 тартиб дода шудааст, сурат гирифт.Илова бар ин, дар форум ҷаласаҳои алоҳида баргузор шуданд, ки дар онҳо иштирокчиён, дар баробари дигар масъалаҳо, тамоюлҳои ҷаҳонии муосир дар ин соҳа, инчунин мавзӯи идоракунии рушди зеҳни сунъӣ дар кишварро баррасӣ карданд.Хадамоти матбуот афзуд, ки дар форум инчунин Маркази миллии Тоҷикистон кушода шуд, ки фаъолияташ ба тақвияти технологияҳои зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст.Гуфта мешавад, ки ин платформа дар IT Парки Душанбе фаъолият хоҳад кард ва ҳамкории наздики илм, ҳукумат ва тиҷоратро ба роҳ хоҳад монд.Хадамоти матбуот афзуд, ки форум ба як воситаи муассир барои рушди минбаъдаи бахши технология дар кишвар табдил ёфтааст.Қаблан хабар дода шуд, ки Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд. Ҷонибҳо ҳадаф доранд, ки робитаҳоро дар як қатор бахшҳои дахлдор, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, ҳукумати электронӣ ва беҳтар кардани инфрасохтори марбут ба он, тақвият диҳанд.
https://sputnik.tj/20260613/dushanbe-sokhtmon-markaz-mintaqavi-naqsha-1078261041.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/03/1078785549_0:847:2048:2383_1920x0_80_0_0_4d80b8f8960bd30985afcb5815a63cf9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, технологияи навин, вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, технологияи навин, вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ
Дар Тоҷикистон технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ рушд хоҳанд кард
Иштирокчиёни чорабинии махсус як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла вазъи кунунии ин соҳа дар ҷумҳурӣ, ба миён гузоштанд
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Дар Душанбе бо иштироки Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон форуми рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) баргузор гардид.
Мавзӯи асосии чорабинӣ таҳлили вазъи кунунии ин бахш дар кишвар буд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ниҳоди дахлор.
Муҳокима бар асоси "White Paper "Tajikistan National ICT Development", ки аз ҷониби ширкати байналмилалии таҳлилии IDC бо ҳамкории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2025 тартиб дода шудааст, сурат гирифт.
Илова бар ин, дар форум ҷаласаҳои алоҳида баргузор шуданд, ки дар онҳо иштирокчиён, дар баробари дигар масъалаҳо, тамоюлҳои ҷаҳонии муосир дар ин соҳа, инчунин мавзӯи идоракунии рушди зеҳни сунъӣ дар кишварро баррасӣ карданд.
Хадамоти матбуот афзуд, ки дар форум инчунин Маркази миллии Тоҷикистон кушода шуд, ки фаъолияташ ба тақвияти технологияҳои зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин платформа дар IT Парки Душанбе фаъолият хоҳад кард ва ҳамкории наздики илм, ҳукумат ва тиҷоратро ба роҳ хоҳад монд.
Хадамоти матбуот афзуд, ки форум ба як воситаи муассир барои рушди минбаъдаи бахши технология дар кишвар табдил ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд. Ҷонибҳо ҳадаф доранд, ки робитаҳоро дар як қатор бахшҳои дахлдор, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, ҳукумати электронӣ ва беҳтар кардани инфрасохтори марбут ба он, тақвият диҳанд.