https://sputnik.tj/20260704/avrupoi-ukraina-tahdid-rusiya-1078797575.html
Патрушев: Иттиҳоди баҳрии Аврупои Шимолӣ ва Украина таҳдид ба Русия аст
Патрушев: Иттиҳоди баҳрии Аврупои Шимолӣ ва Украина таҳдид ба Русия аст
Sputnik Тоҷикистон
Ин иттифоқ вазъияти сиёсиро дар якчанд қаламравҳо, аз ҷумла Арктикаи ғарбӣ ва Атлантикаи Шимолӣ, мураккаб мегардонад
2026-07-04T13:49+0500
2026-07-04T13:49+0500
2026-07-04T13:49+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
нато
аврупо
таҳдид
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/03/1078783835_0:65:1417:862_1920x0_80_0_0_dd13a5a4be0325eee415b00b339cf378.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Таъсиси иттиҳоди баҳрӣ байни кишварҳои Аврупои Шимолӣ ва Украина бояд дар рӯйхати хатарҳо ва таҳдидҳои низомӣ, ки Русия бо онҳо рӯбарӯ аст, ба назар гирифта шавад.Инро Николай Патрушев, ёвари президенти Федератсияи Русия ва раиси Коллегияи баҳрӣ, изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти иттиҳод вазъияти низомӣ ва сиёсиро дар Арктикаи ғарбӣ, Атлантикаи Шимолӣ ва баҳрҳои Шимолӣ, Балтика ва Сиёҳ ба таври назаррас мураккаб мекунад.Патрушев афзуд, ки фаъолиятҳои блоки АУКУС барои муҷаҳҳаз кардани Нерӯҳои баҳрии Австралия бо киштиҳои зериобии муосири ҳастаӣ ва баланд бардоштани қобилиятҳои он барои назорати киштиронӣ дар уқёнусҳои Ором ва Ҳинд низ бояд ҳамчун таҳдидҳои низомӣ баррасӣ шаванд.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои Ғарб расман иштироки худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.
https://sputnik.tj/20260703/vazorati-umuri-khorijai-rusiya-muzokirot-ukraina-1078773879.html
аврупо
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/03/1078783835_79:0:1339:945_1920x0_80_0_0_ccdc21adb9dcb89dc042c39be19c691f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, аврупо, таҳдид, русия
нато, аврупо, таҳдид, русия
Патрушев: Иттиҳоди баҳрии Аврупои Шимолӣ ва Украина таҳдид ба Русия аст
Ин иттифоқ вазъияти сиёсиро дар якчанд қаламравҳо, аз ҷумла Арктикаи ғарбӣ ва Атлантикаи Шимолӣ, мураккаб мегардонад
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Таъсиси иттиҳоди баҳрӣ байни кишварҳои Аврупои Шимолӣ ва Украина бояд дар рӯйхати хатарҳо ва таҳдидҳои низомӣ, ки Русия бо онҳо рӯбарӯ аст, ба назар гирифта шавад.
Инро Николай Патрушев, ёвари президенти Федератсияи Русия ва раиси Коллегияи баҳрӣ, изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти иттиҳод вазъияти низомӣ ва сиёсиро дар Арктикаи ғарбӣ, Атлантикаи Шимолӣ ва баҳрҳои Шимолӣ, Балтика ва Сиёҳ ба таври назаррас мураккаб мекунад.
Патрушев афзуд, ки фаъолиятҳои блоки АУКУС барои муҷаҳҳаз кардани Нерӯҳои баҳрии Австралия бо киштиҳои зериобии муосири ҳастаӣ ва баланд бардоштани қобилиятҳои он барои назорати киштиронӣ дар уқёнусҳои Ором ва Ҳинд низ бояд ҳамчун таҳдидҳои низомӣ баррасӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои Ғарб расман иштироки худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.