Фонди Иқлими Сабз ба Тоҷикистон барои иҷрои ду лоиҳа наздик ба 200 миллион доллар медиҳад

© Foto / Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики ТаджикистанЦеремония подписания соглашений о двух новых проектах Зеленого климатического фонда в Таджикистане.
Церемония подписания соглашений о двух новых проектах Зеленого климатического фонда в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2026
Обуна шудан
Маросими ба имзорасонии 2 лоиҳаи нав аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз барои Тоҷикистон бо арзиши 190 миллион доллар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Ду лоиҳаи нави муҳим дар Тоҷикистон бо арзиши умумии 190 миллион доллар роҳандозӣ мешавад, ки аз он 62 миллион долларашро грант ё кӯмаки бебозгашти Фонди Иқлими Сабз ташкил медиҳад.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи якум бо маблағи 30 миллион доллар барои дастгирии 14 шаҳру ноҳияи мамлакат ҷиҳати беҳтарсозии ҷомеаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва таъсиси фонди боғҳои мевадиҳанда равона карда мешавад.
Лоиҳаи дуюм баҳри азнавсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ ва корезии шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд равона гардида, инчунин таъмири шабакаҳои обёрикунӣ ба амалӣ карда мешавад.
Ин лоиҳа бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди Иқлими Сабз ва қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) татбиқ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green Climate Fund) баргузоргардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Фондро баррасӣ намуда, лоиҳаҳои навро дар самти мубориза бо пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима ва тасдиқ намуданд.
Старт массовой посевной кампании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2026
Тағйирёбии иқлим ба ҳосилнокии зироатҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Дар доираи ҷаласаи мазкур дар шаҳри Душанбе - 11 лоиҳа барои 10 кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, кишварҳои Индонезия, Непал, Сурия, Африқои Марказӣ, Кот-дивуар, Того, Фиҷӣ, Лаос, Ветнам, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маблағи умумии 700 миллион доллар тасдиқ карда шуд, ки аз ин 369 миллион долларро маблағгузории худи Фонди Иқлими Сабз ташкил медиҳад.
Бояд қайд намоем, ки ҳаҷми умумии лоиҳаҳои аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз маблағгузоришаванда барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар маҷмуъ 20,1 миллиард долларро дар бар мегирад.
Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо ин Фонди бонуфуз, то ин давра дар Тоҷикистон 9 лоиҳа бо маблағи умумии 173,5 миллион доллар амалӣ шуда истодаанд.
Ин лоиҳаҳо барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, беҳтар намудани иншоотҳои обрасонӣ, хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани устувории мардуми минтақаҳои кӯҳӣ ба хатарҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0