Зиндагии гурезаҳо беҳ мешавад: Тоҷикистон дарёфти кор барои паноҳҷӯёнро осон кард

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаШвейное производство
Швейное производство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Обуна шудан
Гурезаҳо, паноҳҷӯён ва аъзои оилаҳои онҳо аз гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Тоҷикистон озод карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ахиран Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Намояндаи Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои гурезаҳо (UNHCR) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Маҳир Сафарлӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, такмили низоми миллии паноҳандагӣ ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоиву иқтисодии онҳоро баррасӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот ба татбиқи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират барои давраи то соли 2040 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин замина, Намояндаи Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо аз ворид намудани тағйирот ба қарор ҳукумати кишвар "Дар бораи тартиби додани иҷозатнома барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" истиқбол кард ва онро ҳамчун қадами муҳим дар самти такмили ҳифзи иҷтимоӣ ва тавсеаи имкониятҳои шуғли гурезаҳо ва паноҳҷӯён арзёбӣ намуд.
Тибқи ин қарор, гурезаҳо, паноҳҷӯён ва аъзои оилаҳои онҳо аз гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
Вазири тоҷик зикр кард, ки дар солҳои 2024–2026 тавассути филиали Муассисаи давлатии "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир" дар шаҳри Ваҳдат 141 нафар занони гуреза - шаҳрвандони Афғонистон аз рӯи ихтисосҳои "дӯзанда" ва "ороишгари мӯй, рӯй ва нохун" ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.
Афганские беженцы. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2026
Мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт паноҳҷӯёни афғон дар чӣ шароит зиндагӣ доранд
“Пас аз хатми курсҳо онҳо бо шаҳодатнома таъмин гардида, барои фаъолияти меҳнатӣ дар бахши хусусӣ ҷалб карда шуданд”, - қайд кард вазир.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои татбиқи барномаҳои муштараки касбомӯзӣ ва бозомӯзии касбӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, ҷалби маблағҳои грантӣ барои рушди соҳибкории хурд ва худшуғлии гурезаҳо, тақвияти имкониятҳои марказҳои рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ бо иштироки бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини шуғли гурезаҳо ва дигар гурӯҳҳои осебпазир баррасӣ намуданд.
Тарафҳо дар ин гуфтугӯ омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0