Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ғарб аз рӯйдодҳои охир дар ба даҳшат афтодаст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМарши националистов на Украине. Архивное фото
Марши националистов на Украине. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Обуна шудан
Нашрияи “Junge Welt” менависад, ки фашизм ба як арзиши аврупоӣ табдил ёфтааст, ки Украина барои он мубориза мебарад
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Рӯзномаи олмонии “Junge Welt” менависад, ки режими Киев аз низоъ бо Русия барои таҷдиди назари муассири идеологияи фашистӣ истифода мебарад ва онро ба "арзиши аврупоӣ" табдил медиҳад.
"Барои миллатгароёни украинӣ, низои кунунӣ як имконияти тиллоӣ барои то ҳадди имкон мустаҳкам кардани биниши худ дар бораи таърих ва пахш кардани ҳама гуна шубҳаҳо ё мулоҳизаҳо аст. Ҳашт даҳсола пас аз шикасти фашизми немисӣ дар соли 1945 сабақи таърихӣ фаромӯш мешавад, зеро версияи украинии ин фашизм бори дигар маъруфият пайдо мекунад. Ба назар мерасад, ки ин маҳз моҳияти "арзишҳои аврупоӣ" аст, ки Украина барои он мубориза мебарад", - қайд мешавад дар мақола.
Муаллиф инчунин изҳори таассуф кардааст, ки дар айни замон, сиёсатмадороне дар Олмон пайдо шудаанд, ки хоҳиши интиқом гирифтан аз Русия барои пирӯзиаш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ доранд.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳори назар карда буд, ки дар Аврупо раванди эҳёи фашизм оғоз шудааст.
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мирошник: Аврупо худаш аждаҳоро дар симои Украина парвариш кардааст
Вазир қайд кард, ки ин тавассути ҷорӣ кардани баъзе принсипҳо дар афкори ҷамъиятӣ ва тавассути дастгирии режими ошкорои фашистӣ дар Киев анҷом дода мешавад.
Охири моҳи май, Зеленский дар дафни боқимондаҳои яке аз роҳбарони ОУН-УПА* Андрей Мелник ва ҳамсараш дар минтақаи Киев иштирок кард.
Ӯ инчунин Маркази амалиёти махсуси шимолии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро "Ба номи Қаҳрамонони ОУН*" номгузорӣ кард. Пас аз ин, президенти Лаҳистон Карол Навротский Зеленскийро аз олии ҷоизаи ҷумҳурӣ, ордени "Уқоби Сафед" барои ситоиш кардани роҳбарони ОУН*, ки лаҳистониҳо ва дигаронро кушта буданд, маҳрум кард.
* Созмони экстремистӣ, ки дар Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0