Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми дуздии калони маблағҳои буҷа

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкНа скамье подсудимых. Архивное фото
На скамье подсудимых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Обуна шудан
Кормандони Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди давлат хабар додан, ки дар тасарруфи маблағи калони буҷетӣ муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар додааст, ки сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Муъминобод ҳамроҳ бо сардорори шуъбаи хазинадории раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминободро барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ боздошт намудааст.
Ба иттилои ин ниҳод сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Муъминобод зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабдориаш қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, дар давраи фаъолияти кориаш давоми солҳои 2025-2026 бо роҳи сохтакории асноди муҳосиботӣ даст а ҷиноят задааст.
Ба гуфтаи Агентӣ маблағи беш аз як миллион сомониро ҳамчун пардохти музди маош ва дигар хароҷотҳо дар ҳисоботҳои Муассиса нишон дода, ин миқдор маблағро ба корти бонкии дигар корманд, ки дар ихтиёраш қарор дошт, интиқол додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин мансабдор маблағи зикршударо тариқи банкоматҳои ҳудуди ноҳияи Муминобод нақдӣ кунонида, ба тасарруфи худ даровард.
Таъсиси Агентии зидди фасод яке аз дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба шумор меравад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2026
Таъсиси Агентии зидди фасод яке аз дастовардҳои муҳимми Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба шумор меравад.
Ҳамчунин ин мансабдор дар соли 2025 ва 2026 ҳамроҳ бо сардорори шуъбаи хазинадории раёсати Вазорати молияи Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби маблағҳои буҷетии дар сметаи хароҷотии Муассиса ҷойдошта бо баҳонаи харидории маводҳои конселярӣ, хоҷагидорӣ, хӯрокворӣ ва сохтмонӣ бархилофи талаботи Қонун амал карда, бидуни дархости тендерӣ тибқи супоришномаҳои пардохтӣ маблағи беш аз ду миллион сомониро ба суратҳисоби як қатор ҷамъиятҳо гузарониданд.
Сипас ин ду мансабдор ба востаи ҷамъиятҳо аз бонкҳои хизматрасон маблағи беш аз ду миллион сомониро нақдӣ карда, тасарруф намуданд.
Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки ин ду мансабдор бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир нисбати ин ду мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0