Сармоягузориҳои Хазинаи сабзи иқлимӣ ба Тоҷикистон дастрас шуд

Вид Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон барои маблағгузории лоиҳаҳои иқлимӣ метавонад мустақилона ба Хазинаи сабзи иқлимӣ (Green Climate Fund) муроҷиат намояд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Тоҷикистон имкон дорад, барои ташаббусҳои иқлимӣ маблағҳои грантиро мустақиман ҷалб кунад.
Тоҷикистон акнун метавонад барои маблағгузории лоиҳаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мустақилона ба Хазинаи сабзи иқлимӣ (Green Climate Fund) дархост пешниҳод кунад.
Барои ин дигар зарурати ҷалби миёнаравони байналмилалӣ вуҷуд надорад, зеро ҷумҳурӣ ба захираҳои ин хазина дастрасии мустақим пайдо кардааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, сухан дар бораи лоиҳаҳои ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои иқлимӣ, рушди инфрасохтори устувор, дастгирии бахшҳои кишоварзӣ ва захираҳои об, инчунин ҷомеаҳои кӯҳистонӣ меравад.
“Механизми нав ба Тоҷикистон имкон медиҳад маблағҳои грантиро мустақиман барои татбиқи ташаббусҳои иқлимӣ, аз ҷумла коҳиши осебпазирии аҳолӣ ва таҳкими инфрасохтор, ҷалб кунад”, – таъкид намудааст ин ниҳод.
Қайд карда шудааст, ки Хазинаи сабзи иқлимӣ яке аз муҳимтарин манбаъҳои байналмилалии маблағгузории лоиҳаҳои иқлимӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд ба ҳисоб меравад.
Старт массовой посевной кампании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2026
Тағйирёбии иқлим ба ҳосилнокии зироатҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон чунин ҳамкорӣ аҳамияти махсус дорад, зеро кишвар, бо вуҷуди саҳми ночизаш дар партовҳои газҳои гулхонаӣ, аллакай аз паёмадҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим зарар мебинад.
Соли 2024 Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист барга (аккредитатсия)-и Хазинаи сабзи иқлимиро ба даст оварда буд. Ҳоло дар Тоҷикистон бо дастгирии ин хазина 9 лоиҳа ва барнома амалӣ мешаванд. Онҳо ба рушди энергетикаи барқароршаванда, кишоварзии устувор, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва такмили хизматрасониҳои ҳавошиносӣ равона шудаанд.
Хазинаи сабзи иқлимӣ аз тариқи воситаҳои гуногуни молиявӣ - грантҳо (қарзи бебозгашт), қарзҳои имтиёзнок, кафолатҳо ва маблағгузории муштарак - лоиҳаҳоро дастгирӣ мекунад. Ин маблағҳо ҳам барои коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳам барои мутобиқшавӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим равона мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0