https://sputnik.tj/20260701/safar-sui-qalai-hisor-bekhatar-1078701408.html
Сафарҳо ба сӯи Қалъаи Ҳисор бехатар мешавад
Сафарҳо ба сӯи Қалъаи Ҳисор бехатар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ин роҳ солҳо боз таъмир нагардида, боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт гардида буд
2026-07-01T10:32+0500
2026-07-01T10:32+0500
2026-07-01T10:32+0500
қалъаи ҳисор
ҳисор
роҳ
таъмир
дар тоҷикистон
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/72/1029267271_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_10837272481c406dd9046eb48b8e4b34.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор бо дарозии 8,5 км пурра таъмир гардида, ба баҳрабардорӣ расид.Дар ин бора, Мақомоти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ин роҳ чандин сол таъмир нагардида, боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт меградид. Роҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмир шудааст.Ин имкон медиҳад, ки роҳи байни пойтахт ба самти Қалъаи Ҳисор боз ҳам наздиктару дастрас гардад.Ҳамчунин, интизор меравад, ки бо ба истифода додани ин роҳ, шиддати танбашавӣ дар шоҳроҳи асосӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, раванди боркашонию мусофиркашонӣ ва робитаи тиҷоратии байни минтақаҳо боз ҳам хубтар гардад.Лоиҳа бо ибтикори Мақомоти Ҳисор бо ҷалби фаъоли соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шафати роҳ, инчунин корхонаи роҳсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Русбахт" амалӣ шудааст.Ҳамакнун, сокинони Ҷамоати деҳоти Шарора, Дурбат ва Ҳисор имкон доранд дар роҳи ҳамвору бехатар ҳаракат кунанд.Ҳамзамон корхонаҳои саноатии шафати роҳ низ, барои интиқоли борҳои худ имконияти хубтар пайдо карданд.Дар маросими ба истифода додани роҳ намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони шаҳр иброз доштандаанд, ки ин ташаббус на танҳо мушкили равуоро осон кард, балки ба симои деҳот ҳусни нав бахшид.
https://sputnik.tj/20211116/masrafi-besh-az-20-million-somoni-az-suyi-sohibkoroni-bokhtar-baroi-tamiri-roh-1043565537.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/72/1029267271_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04330d290aff2c6892eccbe54d056a02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қалъаи ҳисор, ҳисор, роҳ, таъмир, дар тоҷикистон, нақлиёт
қалъаи ҳисор, ҳисор, роҳ, таъмир, дар тоҷикистон, нақлиёт
Сафарҳо ба сӯи Қалъаи Ҳисор бехатар мешавад
Ин роҳ солҳо боз таъмир нагардида, боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт гардида буд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор бо дарозии 8,5 км пурра таъмир гардида, ба баҳрабардорӣ расид.
Дар ин бора, Мақомоти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин роҳ чандин сол таъмир нагардида, боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт меградид. Роҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмир шудааст.
Ин имкон медиҳад, ки роҳи байни пойтахт ба самти Қалъаи Ҳисор боз ҳам наздиктару дастрас гардад.
Ҳамчунин, интизор меравад, ки бо ба истифода додани ин роҳ, шиддати танбашавӣ дар шоҳроҳи асосӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, раванди боркашонию мусофиркашонӣ ва робитаи тиҷоратии байни минтақаҳо боз ҳам хубтар гардад.
Лоиҳа бо ибтикори Мақомоти Ҳисор бо ҷалби фаъоли соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шафати роҳ, инчунин корхонаи роҳсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Русбахт" амалӣ шудааст.
Ҳамакнун, сокинони Ҷамоати деҳоти Шарора, Дурбат ва Ҳисор имкон доранд дар роҳи ҳамвору бехатар ҳаракат кунанд.
Ҳамзамон корхонаҳои саноатии шафати роҳ низ, барои интиқоли борҳои худ имконияти хубтар пайдо карданд.
Дар маросими ба истифода додани роҳ намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони шаҳр иброз доштандаанд, ки ин ташаббус на танҳо мушкили равуоро осон кард, балки ба симои деҳот ҳусни нав бахшид.