https://sputnik.tj/20260629/spad-amniyati-marzi-tojikistonu-afghoniston-1078665867.html
СПАД: Амнияти дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурзур мешавад
СПАД: Амнияти дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурзур мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СПАД дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон татбиқи барномаи байнидавлатӣ дар бораи тақвияти амнияти марз бо Афғонисторо баррасӣ кард
2026-06-29T13:46+0500
2026-06-29T13:46+0500
2026-06-29T13:46+0500
спад
амният ва мудофиа
марз
афғонистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078666714_0:289:3072:2017_1920x0_80_0_0_050c5fa2c115bc69ffd124689c64e7e1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъи (СПАД) Таалатбек Масодиқов бо даъвати шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти СПАД хабар додааст.Ба иттилои ин созмон дар ин сафар дабири кулли СПАД дар баробари дигар масъалаҳо, пешрафти барномаи байнидавлатӣ дар бораи тақвияти амнияти марз бо Афғонистонро баррасӣ кард."Иҷрои барномаи байнидавлатии мақсадноки СПАД дар бораи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон бо генерал-лейтенант Муродалӣ Рабҷадзода, муовини аввали раис ва фармондеҳи нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, баррасӣ шуд", - хабар дод ин созмон.Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари кории худ, Масодиқов аз "вазъияти марз ошно шуда, аз посгоҳҳои марзӣ ва як нуқтаи назоратии яке аз постгоҳои марзиро боздид кардааст".Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Дабири кулли СПАД "сохтмони роҳи марзиро дар минтақаи кӯҳистонӣ ва дастнорас, ки дар самти Шӯрообод аст мустақиман тафтиш кард".Тибқи иттилои котиботи СПАД, ин сафар аз 24 то 26 июн сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки кишварҳои узви СПАД Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.
https://sputnik.tj/20260522/salimzoda-spad-kamarbandi-amniyati-osiyoi-markazi-cholishho-nav-1077746139.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078666714_46:0:2777:2048_1920x0_80_0_0_90c49fdc31876eb9211047af9f4bcc84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад, амният ва мудофиа, марз, афғонистон, дар тоҷикистон
спад, амният ва мудофиа, марз, афғонистон, дар тоҷикистон
СПАД: Амнияти дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурзур мешавад
Дабири кулли СПАД дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон татбиқи барномаи байнидавлатӣ дар бораи тақвияти амнияти марз бо Афғонисторо баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъи (СПАД) Таалатбек Масодиқов бо даъвати шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти СПАД хабар додааст.
Ба иттилои ин созмон дар ин сафар дабири кулли СПАД дар баробари дигар масъалаҳо, пешрафти барномаи байнидавлатӣ дар бораи тақвияти амнияти марз бо Афғонистонро баррасӣ кард.
"Иҷрои барномаи байнидавлатии мақсадноки СПАД дар бораи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон бо генерал-лейтенант Муродалӣ Рабҷадзода, муовини аввали раис ва фармондеҳи нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, баррасӣ шуд", - хабар дод ин созмон.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари кории худ, Масодиқов аз "вазъияти марз ошно шуда, аз посгоҳҳои марзӣ ва як нуқтаи назоратии яке аз постгоҳои марзиро боздид кардааст".
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Дабири кулли СПАД "сохтмони роҳи марзиро дар минтақаи кӯҳистонӣ ва дастнорас, ки дар самти Шӯрообод аст мустақиман тафтиш кард".
Тибқи иттилои котиботи СПАД, ин сафар аз 24 то 26 июн сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои узви СПАД Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.