https://sputnik.tj/20260629/maqomot-tojikiston-muhojiron-kasbomuzi-zabonomuzi-1078676382.html
Мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии бозгаштаро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ даъват кард
Мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии бозгаштаро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки касб ва забон медонанд, метавонанд дар хориҷи кишвар ба корҳои хубу бо маоши баланд ҷалб шаванд
2026-06-29T19:21+0500
2026-06-29T19:21+0500
2026-06-29T20:12+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
забон
касб
забони русӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078677242_0:0:2802:1576_1920x0_80_0_0_b5632b45dab1ab0d0d5301f1c901ba79.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Русия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, идома додааст.Дар ин бора дафтари матюбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбату вохӯриҳо намояндагони ин ниҳод ба муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз ҳама, дар бораи таъмин намудани шаҳрвандони ба Ватан бозгашта бо вакансияҳои ҷойи кори холӣ дар дохили кишвар маълумот медиҳанд.Ҳамчунин намояндагони ин ниҳод муҳоҷиронро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ташвиқ мекунанд.Дар ҷараёни вохӯриҳо ба муҳоҷирон ҳушдор медиҳанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Русия ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.Мақомот мегӯяд, барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор); тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”; шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” - и ВКД Русия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Маскав ва вилояти он “Сахарово”.Қайд карда шудааст, ки дар сурати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Русия вазъи ҳуқуқии худро аз даст медиҳад.Мақомо ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор мешаванд, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20260615/jarayon-asosi-muhojirat-rusiya-tojikiston-titov-1078303506.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078677242_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_bfdead1449ed9633e8cfef84fded7ba3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, забон, касб, забони русӣ, русия
дар тоҷикистон, муҳоҷират, забон, касб, забони русӣ, русия
Мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии бозгаштаро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ даъват кард
19:21 29.06.2026 (Навсозишуда: 20:12 29.06.2026) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки касб ва забон медонанд, метавонанд дар хориҷи кишвар ба корҳои хубу бо маоши баланд ҷалб шаванд
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Русия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, идома додааст.
Дар ин бора дафтари матюбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбату вохӯриҳо намояндагони ин ниҳод ба муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз ҳама, дар бораи таъмин намудани шаҳрвандони ба Ватан бозгашта бо вакансияҳои ҷойи кори холӣ дар дохили кишвар маълумот медиҳанд.
Ҳамчунин намояндагони ин ниҳод муҳоҷиронро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ташвиқ мекунанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ба муҳоҷирон ҳушдор медиҳанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Русия ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Мақомот мегӯяд, барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:
Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор); тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”; шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” - и ВКД Русия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Маскав ва вилояти он “Сахарово”.
Қайд карда шудааст, ки дар сурати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Русия вазъи ҳуқуқии худро аз даст медиҳад.
Мақомо ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор мешаванд, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.