Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев арзиши созишнома бо мақомоти кунунии Украинаро шартӣ номид

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2026
Обуна шудан
Медведев гуфт, аксари мақомоти Украина, аз ҷумла президент, Додгоҳи конститутсионӣ, ҳукумат салоҳиятҳои худро аз даст додаанд
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Арзиши созишнома бо мақомоти кунунии Украина шартӣ аст, зеро аксари мақомоти Киев ғайриқонунӣ ҳастанд.
Дар ин бора, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва раиси ҳизби "Русияи ягона "Дмитрий Медведев,изҳор дошт.
Ӯ таъкид кард, ки аксари мақомоти Украина, аз ҷумла президент, Додгоҳи конститутсионӣ, ҳукумат ва маъмуриятҳои минтақавӣ айни замон салоҳиятҳои худро аз даст додаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат нест, зеро мақоми олӣ аз байн рафтааст.
"Арзиши чунин созишнома хеле шартӣ аст", - гуфт Медведев дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург ба рӯзноманигорон.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муовини вазири корҳои хориҷӣ Александр Грушко, Маскав дар шартнома оид ба Украина ба кафолатҳои амниятии Русия исрор меварзад.
"Формат дуюмдараҷа аст. Мо ба боэътимодтарин кафолатҳои амниятӣ ниёз дорем. Ин муҳимтарин чиз аст. Ин чӣ шакл хоҳад дошт, масъалаи дигар аст", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия".
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВУХ дар бораи як банди калидии созишнома дар бораи Украина сухан гуфт
Рӯзи сешанбе, дар мулоқот бо аъзои ҳукумат, Владимир Путин чор асоси музокирот бо Киевро муайян кард: созишномаҳои Истанбул, усулҳои Анкориҷ, воқеиятҳои заминӣ ва принсипҳое, ки президент ду сол пеш дар суханронии худ дар Вазорати корҳои хориҷӣ баён карда буд.
Лентаи хабарҳо
0