Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: низомиён шабонарӯзӣ кор мекунанд, то таъсири зарбаҳои артиши Украинаро кам кунанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБоевая подготовка штурмовых подразделений группировки войск "Запад" в ЛНР.
Боевая подготовка штурмовых подразделений группировки войск Запад в ЛНР.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, низомиён шабонарӯзӣ кор мекунанд, то таъсири зарбаҳои артиши Украинаро ба ҳадди ақал расонанд
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки артиш ва дигар ниҳодҳои Русия шабонарӯзӣ кор мекунанд, то таъсири ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба ҳадафҳои шаҳрвандии Русияро ба ҳадди ақалл кам кунанд.
"Режими Киев бо сабаби хусусияти фашистии худ, ки ҳоло маълум аст, бо ҳамлаҳо ба инфрасохтори шаҳрвандӣ мубориза мебарад. Президент (Владимир Путин) гуфт, ки кам кардани ин комилан имконпазир аст ва онро бояд кам кард. Ин вазифаи низомиён ва дигар ниҳодҳои мост, ки онҳо шабонарӯзӣ рӯи он кор мекунанд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ахиран дар ҷаласаи ҳукумат Владимир Путин қайд кард, ки Украина бинобар нокомиҳояш дар майдони ҷанг ба ҳадафҳои ғайринизомӣ ҳамла мекунад.
Вай гуфт Украина кӯшиш дорад ба таъминоти энержӣ зарар расонад ва мавсими сайёҳии Русияро халалдор кунад.
Помощник президента РФ Юрий Ушаков.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Эвиан онҳо ҳама корро карданд, то Ғарб низоъро дар Украина идома диҳад
Вай дастур дод, ки барои кам кардани таъсири ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Президент афзуд, ки Маскав дар ҳама самтҳо бо такя ба устувории иқтисодии ҷорӣ ва дастовардҳои низомӣ пеш хоҳад рафт.
Лентаи хабарҳо
0