https://sputnik.tj/20260622/dastgirii-gharb-rezhimi-kiev-fashizm-tabdil-1078491733.html
Бо дастгирии Ғарб режими Киев ба фашизм табдил меёбад
Бо дастгирии Ғарб режими Киев ба фашизм табдил меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки бо дастгирии кишварҳои Ғарб, режими Киев ба "фашизми оддӣ" табдил меёбад
2026-06-22T20:21+0500
2026-06-22T20:21+0500
2026-06-22T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
фашизм
ғарб
киев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063768809_0:127:3165:1907_1920x0_80_0_0_2eef9e01a0804a868b9c671d43a25121.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Рӯзи 22 июн дар Русия Рӯзи Ёдбуд ва Мотам таҷлил мешавад — санае, ки бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хотираи миллионҳо нафари кушташуда алоқаманд аст."Пуштибонии режими неонатсистии Киев аз ҷониби кишварҳои Ғарб на танҳо заминаи сиёсӣ, балки идеологӣ низ дорад. Он тадриҷан ба "фашизми оддӣ" табдил меёбад. Ва ин худ даҳшатнок ва ҷинояткорона аст", - навиштааст сиёсатмадор дар блоги худ дар сомонаи Шӯрои Федератсия.Ӯ қайд кард, ки бо мағлуб кардани фашизм, мардуми шӯравӣ на танҳо худашонро, балки тамоми ҷаҳонро аз бузургтарин бадбахтии инсоният наҷот доданд. Ин як корнамоии бузургест, ки дар таърих беназир аст."Вазифаи муқаддаси мо дар назди муҳофизони Ватан ва садоқати мо ба ҳақиқати таърихӣ моро водор мекунад, ки хотираи онҳоеро, ки бо ҷасорат ба аввалин зарбаи истилогарон дар қалъаи Брест, дар Елня, Смоленск, Тула ва Ржев бо шуҷоат ҷангиданд, Одесса ва Севастополро муҳофизат карданд, Ленинградро барои наслҳо ҳифз карданд ва дар ҳимояи Маскав то марг истоданд, ҳифз кунем", - навиштааст қонунгузор.Ба гуфтаи вай, набояд сояи фашизм дубора бар ҷаҳон афтад."Ин таҳдид воқеан пас аз табаддулоти давлатӣ дар Украина ва роҳи зиддирусии он пайдо шуд. Дар солҳои охир, нажодпарастӣ дар шакли русофобия дар он ҷо таҳти сарпарастии Аврупо ошкоро тақвият дода мешавад", - таъкид кард қонунгузор.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57088
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063768809_130:0:2859:2047_1920x0_80_0_0_dd6dcf358afb17401658323c0cc5c349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, фашизм, ғарб, киев, сиёсат
украина, амалиёти вижа, фашизм, ғарб, киев, сиёсат
Бо дастгирии Ғарб режими Киев ба фашизм табдил меёбад
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки бо дастгирии кишварҳои Ғарб, режими Киев ба "фашизми оддӣ" табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Рӯзи 22 июн дар Русия Рӯзи Ёдбуд ва Мотам таҷлил мешавад — санае, ки бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хотираи миллионҳо нафари кушташуда алоқаманд аст.
"Пуштибонии режими неонатсистии Киев аз ҷониби кишварҳои Ғарб на танҳо заминаи сиёсӣ, балки идеологӣ низ дорад. Он тадриҷан ба "фашизми оддӣ" табдил меёбад. Ва ин худ даҳшатнок ва ҷинояткорона аст", - навиштааст сиёсатмадор дар блоги худ дар сомонаи Шӯрои Федератсия.
Ӯ қайд кард, ки бо мағлуб кардани фашизм, мардуми шӯравӣ на танҳо худашонро, балки тамоми ҷаҳонро аз бузургтарин бадбахтии инсоният наҷот доданд. Ин як корнамоии бузургест, ки дар таърих беназир аст.
"Вазифаи муқаддаси мо дар назди муҳофизони Ватан ва садоқати мо ба ҳақиқати таърихӣ моро водор мекунад, ки хотираи онҳоеро, ки бо ҷасорат ба аввалин зарбаи истилогарон дар қалъаи Брест, дар Елня, Смоленск, Тула ва Ржев бо шуҷоат ҷангиданд, Одесса ва Севастополро муҳофизат карданд, Ленинградро барои наслҳо ҳифз карданд ва дар ҳимояи Маскав то марг истоданд, ҳифз кунем", - навиштааст қонунгузор.
Ба гуфтаи вай, набояд сояи фашизм дубора бар ҷаҳон афтад.
"Ин таҳдид воқеан пас аз табаддулоти давлатӣ дар Украина ва роҳи зиддирусии он пайдо шуд. Дар солҳои охир, нажодпарастӣ дар шакли русофобия дар он ҷо таҳти сарпарастии Аврупо ошкоро тақвият дода мешавад", - таъкид кард қонунгузор.