Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъмини амнияти энергетикиро баррасӣ кард

© Foto / Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон МУКОЛАМАИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҚОЛАБИ "РОССИЯ + ОСИЁИ МАРКАЗӢ"
МУКОЛАМАИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҚОЛАБИ РОССИЯ + ОСИЁИ МАРКАЗӢ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2026
Обуна шудан
Масъалаи ҳамкориҳои энергетикӣ дар муколамаи вазирони энергетика дар қолаби "Русия + Осиёи Марказӣ" баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Дар шаҳри Бишкек Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби "Русия + Осиёи Марказӣ" баргузор гардид, ки дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ ин ҷаласа дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар додааст, ки зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории соҳавӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика баррасӣ гардиданд.
Иштирокдорон атрофи масъалаҳои таҳкими ҳамгироии энергетикӣ дар минтақа, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2026
Ҳамкорӣ бо Русия, сармоягузорӣ ва энержӣ: Нуқоти калидӣ аз суханронии Расулзода дар Қазон
Ҳамчунин тарафҳо ба масоили рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории байниидоравӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири энергетикаи Русия Николай Шулгинов гуфта буд, ки Русия ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика аҳамияти хоса медиҳад ва омода аст, ба ҳамсоягони худ дар таҳкими амнияти энергетикӣ кумак кунад.
Шулгинов инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро муҳим номид. Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ба он таваҷҷуҳ доранд. Вай ёдовар шуд, ин тарҳ имкон медиҳад, ки нерӯи барқи изофӣ ба минтақаҳои муҳтоҷи нерӯи барқ аз ҷумла Афғонистон ва Покистон фурӯхта шавад.
Лентаи хабарҳо
0