https://sputnik.tj/20260620/maghlub-shud-lahiston-safari-zelenskiy-khashm-1078420073.html
"Боз мағлуб шуд": дар Лаҳистон аз сафари Зеленский ба хашм омаданд
"Боз мағлуб шуд": дар Лаҳистон аз сафари Зеленский ба хашм омаданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири собиқ Лаҳистон, гуфт кишвараш бо тасдиқи сафари Зеленский ба Гданск мағлуб шуд
2026-06-20T11:31+0500
2026-06-20T11:31+0500
2026-06-20T11:31+0500
украина
амалиёти вижа
лаҳистон
владимир зеленский
сиёсат
нозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078336200_0:0:2922:1645_1920x0_80_0_0_2969ac016fb024dbdc5661347e4c4d66.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Лаҳистон бори дигар ба Киев гузашт кард ва ба сафари Владимир Зеленский ба Гданск барои иштирок дар конфронс оид ба Украина розӣ шуд, гуфт сарвазири собиқи Лаҳистон ва раҳбари Ҳизби муҳофизакорон ва ислоҳотхоҳони аврупоӣ дар Парлумони Аврупо Матеуш Мораветски дар мусоҳиба бо RMF24."Лаҳистон боз зери соя монд. Лаҳистон боз мағлуб шуд. Эътилофи ҳоким бори дигар шикаст хӯрд", - шикоят кард ӯ дар шарҳи маълумот дар бораи сафари эҳтимолии Зеленский ба Гданск.Ба гуфтаи сиёсатмадор, ҳукумати ҳизби “Қонун ва адолат” нақшаҳои худро барои барқарории Украина омода кардааст, аммо ҳама онҳо аз ҷониби ҳукумати кунунии Доналд Туск “ба коми оташ андохта шуданд"."Ман бо ҷилавгирӣ аз кумакҳои низомӣ розӣ нестам. Ман афзалтар медонам, ки сарбозони украинӣ дар танкҳои украинӣ бимиранд, на ин ки сарбозони лаҳистонӣ дар танкҳои Лаҳистон бимиранд", таъкид кард Мораветский.Рӯзҳои 25-26 июн дар Гданск конфронси бузурги байналмилалӣ оид ба Украина баргузор мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби мақомоти Лаҳистон ва Украина якҷоя ташкил карда мешавад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/56995
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078336200_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_ed951d0a5c2d30186c7e81e0ef5ceab8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, лаҳистон, владимир зеленский, сиёсат , нозӣ
украина, амалиёти вижа, лаҳистон, владимир зеленский, сиёсат , нозӣ
"Боз мағлуб шуд": дар Лаҳистон аз сафари Зеленский ба хашм омаданд
Сарвазири собиқ Лаҳистон, гуфт кишвараш бо тасдиқи сафари Зеленский ба Гданск мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Лаҳистон бори дигар ба Киев гузашт кард ва ба сафари Владимир Зеленский ба Гданск барои иштирок дар конфронс оид ба Украина розӣ шуд, гуфт сарвазири собиқи Лаҳистон ва раҳбари Ҳизби муҳофизакорон ва ислоҳотхоҳони аврупоӣ дар Парлумони Аврупо Матеуш Мораветски дар мусоҳиба бо RMF24.
"Лаҳистон боз зери соя монд. Лаҳистон боз мағлуб шуд. Эътилофи ҳоким бори дигар шикаст хӯрд", - шикоят кард ӯ дар шарҳи маълумот дар бораи сафари эҳтимолии Зеленский ба Гданск.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ҳукумати ҳизби “Қонун ва адолат” нақшаҳои худро барои барқарории Украина омода кардааст, аммо ҳама онҳо аз ҷониби ҳукумати кунунии Доналд Туск “ба коми оташ андохта шуданд".
"Ман бо ҷилавгирӣ аз кумакҳои низомӣ розӣ нестам. Ман афзалтар медонам, ки сарбозони украинӣ дар танкҳои украинӣ бимиранд, на ин ки сарбозони лаҳистонӣ дар танкҳои Лаҳистон бимиранд", таъкид кард Мораветский.
Рӯзҳои 25-26 июн дар Гданск конфронси бузурги байналмилалӣ оид ба Украина баргузор мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби мақомоти Лаҳистон ва Украина якҷоя ташкил карда мешавад.