https://sputnik.tj/20260619/korgardon-sinamoi-tojik-rusro-tarikh-farhangi-mepayvandad-1078419461.html
Коргардон: Синамои тоҷик ва русро таърих ва фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад
Коргардон: Синамои тоҷик ва русро таърих ва фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Коргардони тоҷик ба ёд овард, ки "Тоҷикфилм" ва "Мосфилм" дар замони Шӯравӣ якҷо кор мекарданд
2026-06-19T19:41+0500
2026-06-19T19:41+0500
2026-06-19T19:41+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
кино
коргардон
ҳамкорӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/12/1078394414_0:33:1080:641_1920x0_80_0_0_6e098823ffb4640b419d53b87d5bcf20.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Синамои Тоҷикистон ва Русияро арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ мепайванданд.Да ин бора Пайрав Шарифов, узви ҳакамони барномаи озмуни филмҳои мустанад дар Фестивали байналмилалии филми "АвруОсиё Кинофест", дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik изҳор дошт.Вай қайд кард, ки кишварҳо робитаи қавӣ доранд: "Тоҷикфилм" ва "Мосфилм" дар замони Шӯравӣ якҷо кор мекарданд."Мардуми мо барои таҳсил ва кор ба Русия мераванд ва русҳо назди мо меоянд... Вақте ки мо дар бораи чизе сӯҳбат мекунем, онҳо фавран онро эҳсос мекунанд [ва баръакс]", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik.Ба гуфтаи вай, синамои муосири тоҷик ба забон ва анъанаҳо таъкид мекунад.Шарифов қайд кард, ки аз филмҳо метавон мавзӯъҳои либоси миллӣ, таомҳо ва меъмориро бештар омӯхт.Забони тоҷикӣ ва арзишҳои анъанавӣ тадриҷан аз байн мераванд, аз ин рӯ, коргардонҳо кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ҳифз кунанд.Коргардон ва филмноманавис Пайрав Шарифов дар фестивалҳои байналмилалии сершумор ғолиб омада, дар онҳо иштирок кардааст.Масалан, лоиҳаи ӯ "Хирсҳо" ҷоизаи "Беҳтарин филми донишҷӯӣ"-ро дар Фестивали филмҳои Зилант (Қазон) ба даст овард.Сеюмин Фестивали байналмилалии филмҳои "АвруОсиё Кинофест" дар Сочи баргузор мешавад. Ин чорабинӣ беш аз 700 иштироксӣ аз беш аз 50 кишвари соҳили Баҳри Сиёҳ ҷамъ овард.Яке аз хусусиятҳои асосии фестивали соли 2026 шумораи зиёди нахустнамоишҳо буд.Мавзӯи фестивал "Фарҳанг. Таърих. Мерос. Тасвир" аст. Дар баробари филмҳои барномаи озмунӣ, Сочи инчунин филмҳоеро намоиш медиҳад, ки аз фестивалҳои гуногуни байналмилалии филм ҷоиза гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20231020/vgik-rusiya-tojikiston-mutakhassis-kino-omoda-1060060347.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/12/1078394414_59:0:1020:721_1920x0_80_0_0_8b3cd64612d5095aa6772f230deb04e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, кино, коргардон, ҳамкорӣ, русия
дар тоҷикистон, фарҳанг, кино, коргардон, ҳамкорӣ, русия
Коргардон: Синамои тоҷик ва русро таърих ва фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад
Коргардони тоҷик ба ёд овард, ки "Тоҷикфилм" ва "Мосфилм" дар замони Шӯравӣ якҷо кор мекарданд
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Синамои Тоҷикистон ва Русияро арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ мепайванданд.
Да ин бора Пайрав Шарифов, узви ҳакамони барномаи озмуни филмҳои мустанад дар Фестивали байналмилалии филми "АвруОсиё Кинофест", дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки кишварҳо робитаи қавӣ доранд: "Тоҷикфилм" ва "Мосфилм" дар замони Шӯравӣ якҷо кор мекарданд.
"Мардуми мо барои таҳсил ва кор ба Русия мераванд ва русҳо назди мо меоянд... Вақте ки мо дар бораи чизе сӯҳбат мекунем, онҳо фавран онро эҳсос мекунанд [ва баръакс]", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik.
Ба гуфтаи вай, синамои муосири тоҷик ба забон ва анъанаҳо таъкид мекунад.
Шарифов қайд кард, ки аз филмҳо метавон мавзӯъҳои либоси миллӣ, таомҳо ва меъмориро бештар омӯхт.
Забони тоҷикӣ ва арзишҳои анъанавӣ тадриҷан аз байн мераванд, аз ин рӯ, коргардонҳо кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ҳифз кунанд.
Коргардон ва филмноманавис Пайрав Шарифов дар фестивалҳои байналмилалии сершумор ғолиб омада, дар онҳо иштирок кардааст.
Масалан, лоиҳаи ӯ "Хирсҳо" ҷоизаи "Беҳтарин филми донишҷӯӣ"-ро дар Фестивали филмҳои Зилант (Қазон) ба даст овард.
Сеюмин Фестивали байналмилалии филмҳои "АвруОсиё Кинофест" дар Сочи баргузор мешавад. Ин чорабинӣ беш аз 700 иштироксӣ аз беш аз 50 кишвари соҳили Баҳри Сиёҳ ҷамъ овард.
Яке аз хусусиятҳои асосии фестивали соли 2026 шумораи зиёди нахустнамоишҳо буд.
Мавзӯи фестивал "Фарҳанг. Таърих. Мерос. Тасвир" аст. Дар баробари филмҳои барномаи озмунӣ, Сочи инчунин филмҳоеро намоиш медиҳад, ки аз фестивалҳои гуногуни байналмилалии филм ҷоиза гирифтаанд.