https://sputnik.tj/20260618/rushdi-bakhshi-kishovarzii-tojikiston-sodiroti-1078379847.html
Рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон бо содироти 56 ҳазор тонна маҳсулот дар 5 моҳ
Рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон бо содироти 56 ҳазор тонна маҳсулот дар 5 моҳ
Sputnik Тоҷикистон
Дар 5 моҳи аввали соли 2026, Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 32,2 миллион доллар ба бозорҳои хориҷӣ содирот кардааст
2026-06-18T16:41+0500
2026-06-18T16:41+0500
2026-06-18T16:41+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
содирот
молу маҳсулот
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075530670_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_650de0cc0fcfc4c00cb1e00c15fec6eb.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то моҳи июн 56 ҳазору 265 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 32,2 миллион доллар ба хориҷа содир шудааст.Бар асоси ин гузориш, маҳсулоти содиротии Тоҷикистон шомили сабзавот, меваҳои тозаву хушк, маҳсулоти ҷолизӣ, гиёҳҳои равғанӣ ва моҳӣ будааст.Ҳамчунин, дар ин давра 3 ҳазору 121 тонна орд ба маблағи 1,2 миллион доллар ва 39,6 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 61,9 миллион доллар ба хориҷа содир шудааст.Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба 11,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5% афзоишр ёфтааст. Афзоиши истеҳсолот дар ин бахш 8,1 миллион сомонӣ эълон шудааст.Дар ин давра арзиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 миллиард сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорво 7,9 миллиард сомониро ташкил додааст.Тибқи маълумоти оморӣ, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 91,1 ҳазор тонна ғалла, 47,7 ҳазор тонна картошка, 300 ҳазор тонна сабзавот, 162 ҳазор тонна пиёз, 51 ҳазор тонна маҳсулоти ҷолизӣ, 46,5 ҳазор тонна мева, 103,7 ҳазор тонна гӯшт, аз ҷумла 17,9 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 340 ҳазор тонна шир ва 515,8 миллион дона тухм истеҳсол шудааст.Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи ҳукумат, бахши кишоварзии кишварро яке аз рукнҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили муҳим дар беҳтар кардани сатҳ ва сифати зиндагии мардум гардонидааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли 2025 Тоҷикистон 190 ҳазору 508 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 79,2 миллион доллар ба кишварҳои хориҷӣ содир кардааст.Ин рақам дар муқоиса бо соли 2024 аз ҷиҳати ҳаҷм 13,5% (баробар ба 22 ҳазору 683 тонна) ва аз ҷиҳати арзиш 39,7% (баробар ба 22,5 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 26 кишвари ҷаҳон содир карда мешавад, ки 89%-и онҳо ба кишварҳои узви ИДМ ва 11%-и онҳо ба дигар кишварҳои ҷаҳон содирот мешаванд.
https://sputnik.tj/20260616/rusiya-furushi-mahsuloti-kishovarzi-iiao-afzoish-1078330951.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075530670_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_597a4e07714f47c29899918597eac065.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, содирот, молу маҳсулот, тиҷорат
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, содирот, молу маҳсулот, тиҷорат
Рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон бо содироти 56 ҳазор тонна маҳсулот дар 5 моҳ
Дар 5 моҳи аввали соли 2026, Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 32,2 миллион доллар ба бозорҳои хориҷӣ содирот кардааст
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то моҳи июн 56 ҳазору 265 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 32,2 миллион доллар ба хориҷа содир шудааст.
Бар асоси ин гузориш, маҳсулоти содиротии Тоҷикистон шомили сабзавот, меваҳои тозаву хушк, маҳсулоти ҷолизӣ, гиёҳҳои равғанӣ ва моҳӣ будааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 3 ҳазору 121 тонна орд ба маблағи 1,2 миллион доллар ва 39,6 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 61,9 миллион доллар ба хориҷа содир шудааст.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба 11,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5% афзоишр ёфтааст. Афзоиши истеҳсолот дар ин бахш 8,1 миллион сомонӣ эълон шудааст.
Дар ин давра арзиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 миллиард сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорво 7,9 миллиард сомониро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 91,1 ҳазор тонна ғалла, 47,7 ҳазор тонна картошка, 300 ҳазор тонна сабзавот, 162 ҳазор тонна пиёз, 51 ҳазор тонна маҳсулоти ҷолизӣ, 46,5 ҳазор тонна мева, 103,7 ҳазор тонна гӯшт, аз ҷумла 17,9 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 340 ҳазор тонна шир ва 515,8 миллион дона тухм истеҳсол шудааст.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи ҳукумат, бахши кишоварзии кишварро яке аз рукнҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили муҳим дар беҳтар кардани сатҳ ва сифати зиндагии мардум гардонидааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли 2025 Тоҷикистон 190 ҳазору 508 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 79,2 миллион доллар ба кишварҳои хориҷӣ содир кардааст.
Ин рақам дар муқоиса бо соли 2024 аз ҷиҳати ҳаҷм 13,5% (баробар ба 22 ҳазору 683 тонна) ва аз ҷиҳати арзиш 39,7% (баробар ба 22,5 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 26 кишвари ҷаҳон содир карда мешавад, ки 89%-и онҳо ба кишварҳои узви ИДМ ва 11%-и онҳо ба дигар кишварҳои ҷаҳон содирот мешаванд.