Маблағи пардохти алоқаи мобилӣ дар тамоми кишварҳои ИИАО баробар мешавад

© Sputnik / Яков Андреев / Гузариш ба медиабонкМонтаж вышек сотовой связи в Томской области.
Монтаж вышек сотовой связи в Томской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Обуна шудан
Дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тарифи ягона барои алоқаи мобилӣ дар роуминг ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Аз 1 январи соли 2028 дар кишварҳои ИИАО барои роуминг тарифи алоқаи мобилии ягона ва одилонаи ҷорӣ карда мешавад.
Дар ин бора ба хабаргузории Sputnik дар Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ин маълумотро тасдиқ карданд.
Манбаъ қайд кард, ки ин маънои чанд маротиба коҳиш додани хароҷоти зангҳои роумингӣ то сатҳҳои наздик ба хароҷоти дохилӣ мебошад.
“Қоидаҳои истифодаи тарифҳои одилона аллакай омода карда шудаанд ва барои баррасӣ ба ҳайати шӯро пешниҳод карда хоҳанд шуд. Байни иштирокчиён ягон ихтилофи асосӣ вуҷуд надорад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан КИАО хабар дода буд, ки фарогардӣ ё роуминг дар кишварҳои узви ИИАО лағв хоҳад шуд.
Уборка зерновых в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Русия фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои ИИАО-ро ба маротиб афзоиш додааст
Ин манбаъ таъкид кард, ки лағви фарогардӣ аз 1 январи соли 2028 дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар назар аст.
Бояд гуфт, ки қаблан лағви роуминг дар соли 2025 ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба далели зарурати омӯзиши изофии масъалаи баробар кардани хисороти молии операторони мобилӣ, ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз трафики қаллобӣ ва ба роҳ мондани низоми биллинг ҷонибҳо санаи лағви онро ба таъхир андохта буданд.
Ҳамон замон Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гуфта буд, ки кишварҳои узв якҷо сатҳи тарифҳои байналмиллалии интерконнект, тарофаҳои роуминги байниоператориро таҳлил мекунанд ва самти оптималии тарофаро таҳия хоҳанд кард, ки манфиатҳои ҳам муштариён ва ҳам операторони алоқаро ба инобат хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0