https://sputnik.tj/20260616/tojikiston-raqamikunoni-bakhsh-tib-tajriba-qirghiziston-kor-1078314491.html
Тоҷикистон дар рақамикунонии бахши тиб аз таҷрибаи Қирғизистон кор мегирад
Тоҷикистон дар рақамикунонии бахши тиб аз таҷрибаи Қирғизистон кор мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, ҳамкориҳоро дар соҳаи рақамикунонӣ ва тандурустӣ бештар рушд диҳанд 16.06.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-06-16T09:31+0500
2026-06-16T09:31+0500
2026-06-16T09:31+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
корманди тиб
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0f/1078315090_0:0:3265:1837_1920x0_80_0_0_563db9dc9bce3a98593d54e865e99094.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд"-и шаҳри Душанбе татбиқи платформаи электронии "eTib"-ро бо таҷриба аз Қирғизистон амалӣ карданист.Бо ин мақсад ҳайати ин ниҳод бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд.Ба гузориши дафтари матбуоти КВД "Шаҳри ҳушманд" ин платформа ташаккули кортҳои электронии тиббии беморон, ҷорӣ намудани низоми дорухатҳои электронӣ, ташкили сабти электронии муроҷиат ба табибон, автоматикунонии ҳисоботи оморӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои тандурустиро дар бар мегирад.Ҳайати Тоҷикистон зимни будубош дар шаҳри Бишкек бо намояндагони шаҳрдорӣ, Вазорати тандурустии Қирғизистон, инчунин як қатор муассисаҳои давлатӣ ва тиббии ин кишвар мулоқот анҷом доданд.Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи рақамикунонӣ ва тандурустӣ, инчунин идомаи табодули таҷриба байни сохторҳои марбутаи давлатии ду ҷумҳурӣ таъкид намуданд.Қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода буд, ки барномаи электронии eTib дар шаш беморхонаи Душанбе озмоишӣ хоҳад шуд.Лоиҳаи озмоишӣ ин системаро дар амал санҷида, онро ба муассисаҳои тиббии шаҳр мутобиқ хоҳад кард.Ба гуфтаи Корхонаи воҳиди давлатии Smart City, бунёди платформаи рақамии тандурустии шаҳри Душанбе “eTib” вазифаҳои банақшагирӣ, тақсимот ва баҳисобгирии захираҳои кормандони тиб, техникаи тиббӣ ва назорати нишондиҳандаҳои асосии стратегии соҳаи тандурустиро фаро мегирад.КВД “Шаҳри ҳушманд” ҳамроҳ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки дар оянда таҳлили ҳамаҷонибаи рақамикунонии соҳаи тандурустиро амалӣ намуда, ба баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт мусоидат намояд.
https://sputnik.tj/20260313/sankt-peterburg-tojikiston-hamkori-tandurusti-it-1075978822.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0f/1078315090_68:0:2799:2048_1920x0_80_0_0_6d5a18df811efb8be41fe34355fc28a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, корманди тиб, илм ва фанноварӣ
дар тоҷикистон, қирғизистон, корманди тиб, илм ва фанноварӣ
Тоҷикистон дар рақамикунонии бахши тиб аз таҷрибаи Қирғизистон кор мегирад
Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, ҳамкориҳоро дар соҳаи рақамикунонӣ ва тандурустӣ бештар рушд диҳанд
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд"-и шаҳри Душанбе татбиқи платформаи электронии "eTib"-ро бо таҷриба аз Қирғизистон амалӣ карданист.
Бо ин мақсад ҳайати ин ниҳод бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти КВД "Шаҳри ҳушманд" ин платформа ташаккули кортҳои электронии тиббии беморон, ҷорӣ намудани низоми дорухатҳои электронӣ, ташкили сабти электронии муроҷиат ба табибон, автоматикунонии ҳисоботи оморӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои тандурустиро дар бар мегирад.
Ҳайати Тоҷикистон зимни будубош дар шаҳри Бишкек бо намояндагони шаҳрдорӣ, Вазорати тандурустии Қирғизистон, инчунин як қатор муассисаҳои давлатӣ ва тиббии ин кишвар мулоқот анҷом доданд.
"Зимни мулоқотҳо ба масъалаҳои рушди низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, инчунин татбиқи амалии технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд",- афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи рақамикунонӣ ва тандурустӣ, инчунин идомаи табодули таҷриба байни сохторҳои марбутаи давлатии ду ҷумҳурӣ таъкид намуданд.
Қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода буд, ки барномаи электронии eTib дар шаш беморхонаи Душанбе озмоишӣ хоҳад шуд.
Лоиҳаи озмоишӣ ин системаро дар амал санҷида, онро ба муассисаҳои тиббии шаҳр мутобиқ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Корхонаи воҳиди давлатии Smart City, бунёди платформаи рақамии тандурустии шаҳри Душанбе “eTib” вазифаҳои банақшагирӣ, тақсимот ва баҳисобгирии захираҳои кормандони тиб, техникаи тиббӣ ва назорати нишондиҳандаҳои асосии стратегии соҳаи тандурустиро фаро мегирад.
КВД “Шаҳри ҳушманд” ҳамроҳ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки дар оянда таҳлили ҳамаҷонибаи рақамикунонии соҳаи тандурустиро амалӣ намуда, ба баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт мусоидат намояд.