Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Низоъро васеъ мекунанд": Ғарб аз тағйироти ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ таъкид кард

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПункт воздушного наблюдения группировки войск "Запад" на Краснолиманском направлении СВО.
Пункт воздушного наблюдения группировки войск Запад на Краснолиманском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Обуна шудан
Таҳлилгари собиқи Хадамоти Марказии иктишофӣ (CIA) мегӯяд, ки Бритониё ва Фаронса талош доранд низоъро дар Украина шиддат бахшанд
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Таҳлилгари собиқи Хадамоти Марказии иктишофӣ (CIA) Ларри Ҷонсон чунин меҳисобад, ки Бритониё ва Фаронса кӯшиш мекунанд, ки низоъро дар Украина васеъ кунанд.
"Русия дорои кадрҳои кофӣ, снарядҳои артиллерӣ, мушакҳои баллистикӣ ва болдор мебошад. Оё Аврупо ақибнишинӣ мекунад ё онҳо омодаанд, ки тамоми Украинаро нобуд кунанд? Ман фикр мекунам, ки баъзе кишварҳои Аврупо дар ин масъала ақибнишинӣ мекунанд, аммо баъзеи дигарон, мисол Бритониё ҷинояткори асосӣ аст. Онҳо боз ҳам фишор меоранд, то низоъро шадидтар кунанд. Ман фикр мекунам, ки Олмон назари худро аз нав дида баромадааст. Ва ба назар мерасад, ки Фаронса мисли Бритониё фаъолона иштирок мекунад", - қайд кард ӯ.
Дар айни замон, таҳлилгари мазкур изҳори итминон кард, ки амалҳои аврупоиён русҳоро ба ҳайрат намеоранд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев гуфт, ки Украина танҳо забони зӯрро мефаҳмад
"Ман фикр мекунам, ки Русия барои ин гуна ҳолатҳои эҳтимолӣ омода аст", - хулоса кард Ҷонсон.
Тавре ки вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Аврупо бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки ба раванди ҳалли дипломатии Украина халал расонад.
Ба гуфтаи ӯ, Брюссел, бахусус, Владимир Зеленскийро барои идомаи мубориза то охирин украинӣ ташвиқ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0