https://sputnik.tj/20260615/sarvazir-slovakiya-ia-omoda-kievro-sarboz-okhirin-dastgiri-1078311398.html
Сарвазири Словакия гуфт, ки ИА омода аст Киевро то сарбози охирин дастгирӣ кунад
Сарвазири Словакия гуфт, ки ИА омода аст Киевро то сарбози охирин дастгирӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин кишвар чунин мешуморад, ки иттиҳод наметавонад дар масъалаҳои коҳиши рақобатпазирӣ ва қимати баланди энергия пеш равад
2026-06-15T16:55+0500
2026-06-15T16:55+0500
2026-06-15T16:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
иттиҳоди аврупо
украина
русия
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0b/1075934079_0:0:3012:1694_1920x0_80_0_0_ef8793a358978812856a7048cef0488e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Сарвазири Словакия Роберт Фитсо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо омода аст, ки Киевро то охирин сарбози украинӣ дастгирӣ кунад.Вай ин фикрро ҳангоми шарҳ додани натиҷаҳои мулоқот бо раиси Шӯрои умумиаврупоӣ Антонио Коста, ки дар он масъалаи омодагӣ ба маҷлиси машваратии дарпешистодаи иттиҳодия муҳокима хоҳад шуд, баён кард.Сарвазир инчунин таъйид кард, ки дар нишасти дарпешистодаи Иттиҳодияи Аврупо масъалаи ҷуброн ба Словакия барои аслиҳае, ки ҳукумати пешини ин кишвар ба Украина интиқол додааст, матраҳ хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро “ҳифозати одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии Амлаиёти вижаинизоми озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро бо силоҳ идома медиҳанд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев музокиротро дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон кардааст.
https://sputnik.tj/20260605/avrupo-kumak-ukraina-kam-1078058931.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0b/1075934079_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_bdf47965bf8547ed83cb9151e0849eb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди аврупо, украина, русия, амалиёти вижа
иттиҳоди аврупо, украина, русия, амалиёти вижа
Сарвазири Словакия гуфт, ки ИА омода аст Киевро то сарбози охирин дастгирӣ кунад
Дар ин кишвар чунин мешуморад, ки иттиҳод наметавонад дар масъалаҳои коҳиши рақобатпазирӣ ва қимати баланди энергия пеш равад
ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Сарвазири Словакия Роберт Фитсо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо омода аст, ки Киевро то охирин сарбози украинӣ дастгирӣ кунад.
Вай ин фикрро ҳангоми шарҳ додани натиҷаҳои мулоқот бо раиси Шӯрои умумиаврупоӣ Антонио Коста, ки дар он масъалаи омодагӣ ба маҷлиси машваратии дарпешистодаи иттиҳодия муҳокима хоҳад шуд, баён кард.
"Ман бори дигар изҳори таассуф кардам, ки хулосаҳо умумӣ ҳастанд, мо наметавонем дар масъалаи коҳиши рақобатпазирии Иттиҳоди Аврупо ва қимати ниҳоии нерӯи барқ пеш равем, аммо дар мавриди Украина ҳама чиз равшан аст: то сарбози охирин то еврои охирин ҷанг бояд идома ёбад",- гуфт Фитсо.
Сарвазир инчунин таъйид кард, ки дар нишасти дарпешистодаи Иттиҳодияи Аврупо масъалаи ҷуброн ба Словакия барои аслиҳае, ки ҳукумати пешини ин кишвар ба Украина интиқол додааст, матраҳ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро “ҳифозати одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии Амлаиёти вижаинизоми озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро бо силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев музокиротро дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон кардааст.