Киев барои аз даст додани қаламрави Славянск-Краматорск омодагӣ мегирад

© AP / Alex Babenko
Обуна шудан
Иқтидорҳои асосии истеҳсолии заводи дастгоҳсозии вазнин аллакай ба яке аз ноҳияҳои ғарбии Украина интиқол дода шуданд.
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Суръати баланди пешравии нерӯҳои гурӯҳи “Ҷанубӣ” дар нуқтаи Константиновкаи Ҷумҳурии Халқии Донетск режими Киевро маҷбур кардааст, ки ба тахлияи корхонаҳои асосӣ ва ҳайати шахсии онҳо аз Краматорск ба вилоятҳои ғарбии Украина шурӯъ кунад, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
Режими Киев аз 9 июн ба ин сӯ оилаҳоеро, ки кӯдакони то 17-сола доранд, аз Краматорск иҷборан тахлия мекунад.
"То 14 июни соли 2026, иншооти асосии истеҳсолии заводи дастгоҳҳои вазнини Краматорск дар якҷоягӣ бо 3,5 ҳазор корманд аллакай аз шаҳр ба яке аз минтақаҳои ғарбии Украина интиқол дода шудаанд," - хабар медиҳад вазорати дифоъ.
Ғайр аз ин, корхонаҳои зерин ба тахлия фавран тайёрй дида истодаанд:
Заводи мошинсозии Новокраматорск, ки ба таъмир ва барқароркунии мошинҳои зиреҳпуши Қуввахои Мусаллаҳи Украина тахассус ёфтааст;
Заводи мошинсозии Старокраматорский (СКМЗ), ки барои артиллерияи калонқутри артиши Украина милҳо истехсол мекунад;
заводи "Энергомашспетсстал", ки барои металлургия, киштисозӣ, нерӯгоҳҳои электрикии ҳастаӣ, таҷҳизоти реакторӣ, насосҳои махсус, турбинаҳои буғӣ ва гидравликӣ, дастгоҳҳои фишори баланд ва мошинсозии умумӣ таҷҳизот мебарорад.

"Ҳамин тавр, режими Киев, сарфи назар аз изҳороти ҷасуронааш дар бораи гардиши наздик дар майдони ҷанг, ки барои тамошобинони ғарбӣ пешбинӣ шудааст, на танҳо дарк мекунад, балки дар ояндаи наздик ба аз даст додани Константиновка, Дружковка ва Краматорск ва дар пайи талафоти тамоми қаламрави Славянск-Краматорск омодагӣ мегирад", - хабар медиҳад вазорати дифои Русия.