Мису қалъагӣ худӣ мешавад: Дар шимоли Тоҷикистон як корхонаи хобидаро ба кор меандозанд

© SputnikЗавод ТАЛКО
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2026
Обуна шудан
Раиси шаҳр масъулини коргоҳро муваззаф кардаааст, ки то охири соли 2026 навбати аввали корхона бо ҷалби 200 нафар коргар ба фаъолият оғоз намояд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ дигарбора ба кор медарояд
Ин корхонаи муштараки "Броадтек — Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед" аст, ки пас аз танаффуси зиёд боз вориди амал хощад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани корхона бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент идома дорад.
"Ҳоло насби таҷҳизоти нав, бунёду навсозии сехи нав, инчунин манбаи истихроҷи маъдан дар мавзеи Мушистон, омода намудани хобгоҳҳо барои коргарон рафтаистодаас",- таъкид кардааст манбаъ.
Зимни шиносоии роҳбарияти шаҳр аз ин корхона, масъулини коргоҳ муваззаф карда шуданд, ки то охири соли 2026 навбати аввали корхона бо ҷалби 200 нафар коргар ба фаъолият оғоз намояд.
Добыча руды на территории горно-обогатительного комбината. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2026
Тоҷикистон шартҳои калидии саноатикунонии босуръатро муайян кард
Ба гузориши Оҷонсии омор, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон якҷо бо соҳибкорони хусусӣ дар моҳи январ-апрели соли ҷорӣ қариб 21,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Таъкид мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13% зиёд аст.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 3983 корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 364 адад, коркард 3445 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1325 адад ба вилояти Суғд, 929 адад ба вилояти Хатлон, 836 адад ба Душанбе, 693 адад ба НТҶ ва 200 адад ба ВМКБ рост меоянд.рост меоянд.
Лентаи хабарҳо
0