https://sputnik.tj/20260612/akademiya-khujand-zabon-rusi-tamarkuz-1078244949.html
Академияи хурд дар Хуҷанд ба таълими забони русӣ тамаркуз хоҳад кард
Академияи хурд дар Хуҷанд ба таълими забони русӣ тамаркуз хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввал, муассисаи таълимӣ ҳамчун як бахши гимназияи хусусии ҳамном, ки дар аввали солҳои 2000 кушода шуда буд, фаъолият хоҳад кард
2026-06-12T09:30+0500
2026-06-12T09:30+0500
2026-06-12T11:34+0500
маориф
русия
дар тоҷикистон
мактаб
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/35/1024183567_0:104:2001:1229_1920x0_80_0_0_f6b13c11d1923df16674da577794d384.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин ва роҳбари “Хонаи русӣ” дар ин шаҳр Татяна Степанова аз Академияи хурди “Нур-Интеллект”, ки аз ҷониби соҳибкори суғдӣ - директори генералии ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии “Нур” Нурулло Усмонов сохта мешавад, боздид кард.Тибқи нақша, муассисаи таълимӣ сараввал ҳамчун як бахши гимназияи хусусии ҳамном, ки дар аввали солҳои 2000 кушода шуда буд, фаъолият хоҳад кард, гуфт соҳибкор ба Sputnik Тоҷикистон.Синфхонаҳо аллакай таъмир ва муҷаҳҳаз гардида, муаллимон ба кор ҷалб шуданд. Вақтҳои наздик қабули хонандагон ба синфи якум ба нақша гирифта шудааст.Усмонов даъвати роҳбари корпуси дипломатии Русия ва “Хонаи русӣ” - ро ҳамчун афзалияти барномаи таълимӣ шарҳ дод.Дипломатҳои рус ташаббуси соҳибкори тоҷикро ситоиш карданд ва омодагии худро барои дастгирии Академияи хурд изҳор доштанд."Русия ва Тоҷикистон на танҳо шарикони стратегӣ мебошанд, балки муносибатҳои хуб ва дӯстона доранд, ки аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Ҳадафи асосии мо на танҳо нигоҳ доштани ин муносибатҳо, балки рушди мунтазам ва тақвияти онҳост, ки дар он ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бояд нақши муҳим дошта бошад", - гуфт Ланкин дар мулоқот бо омӯзгорон.Дар навбати худ, Татяна Степанова, роҳбари “Хонаи русӣ” дар Хуҷанд, омодагии худро барои кӯмак дар таъмини китобхонаи Академияи хурд бо адабиёти таълимӣ ва бадеӣ изҳор дошт.
https://sputnik.tj/20260312/vazorati-maorif-zaboni-rusi-tojikiston-naqshi-vizha-1075953836.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/35/1024183567_110:0:1889:1334_1920x0_80_0_0_425b9b160060a1100a62551835bb7a28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, русия, дар тоҷикистон, мактаб, забони русӣ
маориф, русия, дар тоҷикистон, мактаб, забони русӣ
Академияи хурд дар Хуҷанд ба таълими забони русӣ тамаркуз хоҳад кард
09:30 12.06.2026 (Навсозишуда: 11:34 12.06.2026) Эксклюзив
Аз аввал, муассисаи таълимӣ ҳамчун як бахши гимназияи хусусии ҳамном, ки дар аввали солҳои 2000 кушода шуда буд, фаъолият хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин ва роҳбари “Хонаи русӣ” дар ин шаҳр Татяна Степанова аз Академияи хурди “Нур-Интеллект”, ки аз ҷониби соҳибкори суғдӣ - директори генералии ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии “Нур” Нурулло Усмонов сохта мешавад, боздид кард.
Тибқи нақша, муассисаи таълимӣ сараввал ҳамчун як бахши гимназияи хусусии ҳамном, ки дар аввали солҳои 2000 кушода шуда буд, фаъолият хоҳад кард, гуфт соҳибкор ба
Sputnik Тоҷикистон.Синфхонаҳо аллакай таъмир ва муҷаҳҳаз гардида, муаллимон ба кор ҷалб шуданд. Вақтҳои наздик қабули хонандагон ба синфи якум ба нақша гирифта шудааст.
Усмонов даъвати роҳбари корпуси дипломатии Русия ва “Хонаи русӣ” - ро ҳамчун афзалияти барномаи таълимӣ шарҳ дод.
"Асосан, дар ин мактаб таълим ба забони русӣ хоҳад буд. Барномаи таълимӣ инчунин омӯзиши якчанд забонҳои хориҷӣ - англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чиниро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии мо тайёр кардани кадрҳои баландихтисос бо назардошти ниёзҳои иқтисоди босуръат рушдёбандаи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, мо ба омӯзиши тиҷорат ва технология тамаркуз хоҳем кард", - шарҳ дод соҳибкор.
Дипломатҳои рус ташаббуси соҳибкори тоҷикро ситоиш карданд ва омодагии худро барои дастгирии Академияи хурд изҳор доштанд.
"Русия ва Тоҷикистон на танҳо шарикони стратегӣ мебошанд, балки муносибатҳои хуб ва дӯстона доранд, ки аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Ҳадафи асосии мо на танҳо нигоҳ доштани ин муносибатҳо, балки рушди мунтазам ва тақвияти онҳост, ки дар он ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бояд нақши муҳим дошта бошад", - гуфт Ланкин дар мулоқот бо омӯзгорон.
Дар навбати худ, Татяна Степанова, роҳбари “Хонаи русӣ” дар Хуҷанд, омодагии худро барои кӯмак дар таъмини китобхонаи Академияи хурд бо адабиёти таълимӣ ва бадеӣ изҳор дошт.