Маълум шуд, кай дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди на улице Душанбе. Архивное фото
Люди на улице Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2026
Обуна шудан
Теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
Барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон ба мақомоти омор беш аз 140 корманди иловагӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Тариқи шартномавӣ ба дастгоҳи марказии Агентии омор 13 воҳид аз 1 июли соли 2026 то 31 декабри соли 2033, сарраёсатҳо дар вилоятҳо ва Душанбе 22 воҳиди корӣ аз 1 январи соли 2027 то 31 декабри соли 2032 ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 108 воҳид аз 1 июли соли 2027 то 31 декабри соли 2031 ҷалб хоҳанд шуд, фармон додааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Зиёд кардани андозаи музди миёнаи кормандони ҷалбгардида нисбат ба басти вазифавии кормандони Агентии омор 1,5 маротиба пешбинӣ шудааст.
Барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои давлатӣ маҳсуб ёфта, барои муайян намудани шумораи аҳолӣ, таркиби он, шароити зиндагӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва шуғли мардум мусоидат мекунад.
Инчунин, барои таҳияи барномаҳои давлатӣ, тақсимоти буҷет, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди ояндаи кишвар аҳаммияти муҳим дошта, барои ба даст овардани тасвири дақиқи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат мекунад.
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2025
Аҳолии Тоҷикистон марзи 10,5 млн нафарро убур кард
Ташкили тайёрӣ, баргузории барӯйхатгирӣ, коркард, ҷамъбаст, нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2033 ва дигар сарчашмаҳо пешбинӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0