https://sputnik.tj/20260611/rusiya-mavqe-armaniston-nisbat-iiao-tahammul-1078214672.html
Русия мавқеи муфтхуронаи Арманистонро нисбати ИИАО таҳаммул нахоҳад кард
Русия мавқеи муфтхуронаи Арманистонро нисбати ИИАО таҳаммул нахоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Баъди анҷоми овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии Арманистон, Пашинян изҳор дошт, ки Ереван ба Ғарб наздиктар хоҳад шуд, аммо аз ИИАО ҳам берун нахоҳад рафт
2026-06-11T10:34+0500
2026-06-11T10:34+0500
2026-06-11T10:34+0500
русия
ииао
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0a/1078210182_0:107:3261:1941_1920x0_80_0_0_20483a586be0f6dff0ce98e06ed4a3d8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки Маскав сиёсати истеъмолии Ереванро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) таҳаммул нахоҳад кард.Вай ин изҳоротро дар нишасти хабарӣ бо шарҳи интихоботи ахири парлумонӣ дар Арманистон баён кард.Сабаби чунин суханони сахт интихоботи 7 июн дар Арманистон буд, ки дар он блоки "Шартномаи шаҳрвандӣ"-и сарвазир Никол Пашинян пирӯз шуд.Пас аз баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ, сиёсатмадор нияти худро барои идома додани наздикшавӣ бо Ғарб ҳангоми боқӣ мондан дар ИИАО эълон кард.Дар посух, президенти Русия Владимир Путин борҳо изҳор дошт, ки Арманистон ҳаққи пурраи интихоби шарикони худро дорад. Аммо, ӯ ҳушдор дод, ки ҳамзамон фаъолият дар ду низоми иқтисодии муқобил ғайриимкон аст. Кремл аз Ереван даъват мекунад, ки ба интихоби худро жақиқ муаян кунад.Путин инчунин оқибатҳои эҳтимолии хуруҷ аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шарҳ дод. Аз ҷумла инҳо аз даст додани дастрасӣ ба созишномаҳои тиҷорати озод, назорати сахттар дар боркашонии нақлиётӣ ва зарурати харидани иҷозатнома барои кор дар Русия иборатанд.Ғайр аз ин, ҷумҳурӣ бо болоравии нархи энергия рӯбарӯ хоҳад шуд, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад ба 14% ММД зарар расонад.Дар ҳамин ҳол, раҳбари Русия таъкид кард, ки ҳама гуна қарорҳои иқтисодии Ереван ба робитаҳои башардӯстона ва тамосҳои шахсии байни мардуми ду кишвар зарар намерасонанд.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад, ки дорои ҳуқуқи байналмилалӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имкони пайвастан ба иттиҳодро баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20260609/armaniston-etimodro-bozori-iiao-1078184885.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0a/1078210182_266:0:2997:2048_1920x0_80_0_0_4b474bbfd69d27099e90c4b2a65b1bdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, иқтисод
Русия мавқеи муфтхуронаи Арманистонро нисбати ИИАО таҳаммул нахоҳад кард
Баъди анҷоми овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии Арманистон, Пашинян изҳор дошт, ки Ереван ба Ғарб наздиктар хоҳад шуд, аммо аз ИИАО ҳам берун нахоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки Маскав сиёсати истеъмолии Ереванро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) таҳаммул нахоҳад кард.
Вай ин изҳоротро дар нишасти хабарӣ бо шарҳи интихоботи ахири парлумонӣ дар Арманистон баён кард.
"Мо чунин мавқеъро таҳаммул намекунем", - таъкид кард дипломат ва рафтори ҷониби Арманистонро муфтхӯрона номид.
Сабаби чунин суханони сахт интихоботи 7 июн дар Арманистон буд, ки дар он блоки "Шартномаи шаҳрвандӣ"-и сарвазир Никол Пашинян пирӯз шуд.
Пас аз баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ, сиёсатмадор нияти худро барои идома додани наздикшавӣ бо Ғарб ҳангоми боқӣ мондан дар ИИАО эълон кард.
Дар посух, президенти Русия Владимир Путин борҳо изҳор дошт, ки Арманистон ҳаққи пурраи интихоби шарикони худро дорад. Аммо, ӯ ҳушдор дод, ки ҳамзамон фаъолият дар ду низоми иқтисодии муқобил ғайриимкон аст. Кремл аз Ереван даъват мекунад, ки ба интихоби худро жақиқ муаян кунад.
Путин инчунин оқибатҳои эҳтимолии хуруҷ аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шарҳ дод. Аз ҷумла инҳо аз даст додани дастрасӣ ба созишномаҳои тиҷорати озод, назорати сахттар дар боркашонии нақлиётӣ ва зарурати харидани иҷозатнома барои кор дар Русия иборатанд.
Ғайр аз ин, ҷумҳурӣ бо болоравии нархи энергия рӯбарӯ хоҳад шуд, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад ба 14% ММД зарар расонад.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Русия таъкид кард, ки ҳама гуна қарорҳои иқтисодии Ереван ба робитаҳои башардӯстона ва тамосҳои шахсии байни мардуми ду кишвар зарар намерасонанд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад, ки дорои ҳуқуқи байналмилалӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имкони пайвастан ба иттиҳодро баррасӣ мекунад.