Қоидаҳои шиноварӣ дар Тоҷикистон: Тасвирбаён

Обуна шудан
Бо шиками серу сари хушу тани гарм якбора ба об напаред: Мавсими гармо дар Тоҷикистон ҳамасола авҷи маргу мир дар обҳост
Мавсими шиноварии анъанавӣ дар аввали тобистон дар Тоҷикистон оғоз мешавад ва наҷотдиҳандагон ба ҳама қоидаҳои рафтор дар обро хотиррасон мекунанд.
Дар Тоҷикистон мавсими оббозӣ оғоз шуд, то ин дам шиноварӣ дар обе, ки аз дарёҳои сарди кӯҳӣ сарчашма мегиранд, хатарнок шумурда мешуд.
Муҳим аст, ки дар хотир дошта бошед, ки барои шиноварии бехатар чӣ кор кардан лозим нест.
Масалан, бо шиками серу сари хушу тани гарм якбора ба об паридан мумкин нест. Мавсими гармо дар Тоҷикистон ҳамасола авҷи маргу мир дар обҳост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тавсияҳоеро таҳия кардааст, ки метавонад ҷони шумою наздиконатонро ҳангоми оббозӣ наҷот диҳад.
Ҷузъиёти ин қоидаҳоро дар тасвирбаён бубинед.пас аз хӯрокхӯрӣ ё нӯшидани машрубот, агар ҳарорати об аз 15°C пасттар бошад ё табларза ё ларзиш дошта бошед, ба об ворид нашавед.
Шиноварӣ бояд дар ҷойҳои махсус, ки аз обсабз ва лой холӣ бошанд, анҷом дода шавад.
Барои пешгирӣ аз хатари ҷони худ, аз шиноварӣ дур аз соҳил, аз тела додани касе ба об худдорӣ кунед ва аз нишон додани нишонаҳои бардурӯғи ғарқшавӣ низ худдорӣ кунед.
Кӯдакон набояд беназорат гузошта шаванд ё аз ҷойҳои номуносиб ба об ҷаҳанд.

Наҷотдиҳандагон ҳушдор медиҳанд, ки агар шумо дар гирдбод қарор гиред, нафаси чуқур кашед, чуқур ғӯтавар шавед ва кӯшиш кунед, ки ба ҷои оромтар шино намоед. Аз шиноварӣ бар зидди ҷараён худдорӣ кунед; ба ҷои ин, роҳи кӯтоҳтаринро ба соҳил интихоб кунед.
Лентаи хабарҳо
0