Дар ноҳияи Мурғоб аввалин нерӯгоҳи бодӣ сохта мешавад

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов ТаджикистанаВетроэлектростанция в селе Тохтамыш Мургабского района.
Ветроэлектростанция в селе Тохтамыш Мургабского района. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2026
Обуна шудан
Дар яке аз дурдасттарин навоҳии Тоҷикистон нерӯгоҳи бодӣ пайдо мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб нахустин нерӯгоҳи бодӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар ин бора, Вазорати энержии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт дар остонаи таҷлили 35 - солагии истиқлол ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Ҳамчунин, ‎бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҶСК "Помир Энерҷӣ" тасмим гирифтааст боз 7 неругоҳи нави офтобиро бо иқтидори умумии 540 киловатт ба истифода диҳад.
Кайраккумская ГЭС   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2026
Истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи нерӯгоҳи Қайроққум 38% афзоиш ёфт
Манбаъ афзуда, ки то кунун, дар доираи лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот", ки бо дастгирии Ҳукумат ва Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби ҶСК "Помир Энерҷӣ" амалӣ гардида истодааст, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудаанд.

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур қадами муҳим дар роҳи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди "иқтисоди сабз" ва дастгирии аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0