Парандапарварӣ дар вилояти Суғд рушд мекунад

© Sputnik / Наталья Горшкова / Гузариш ба медиабонкПтицефабрика "Пышминская" в Тюменской области. Иллюстративное фото
Птицефабрика Пышминская в Тюменской области. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2026
Обуна шудан
Давоми паны моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд, беш аз 352 млн дона тухм истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ахиран бо фаъолияти корхонаи паррандапарварии ҶДММ "Парандапарвар-2017" шинос гардидааст.
Ин корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов таъсис ёфта, ба истеҳсоли тухми парранда ихтисос дорад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки айни замон дар корхона беш аз 550 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Тибқи маълумот, дар корхона ҳар рӯз то 350 ҳаз дона тухм истеҳсол шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсолот беш аз 120 млн донаро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии кишвар пешниҳод мегардад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин таъкид намудааст, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозори дохилӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Манбаъ афзуда, ки имрӯзҳо рушди соҳаи паррандапарварӣ дар вилояти Суғд тамоюли устувор касб намудааст.
Корова пасётся в горной степи. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2026
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшту тухм афзудааст
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷалби сармоя ва ворид намудани технологияҳои муосир саршумори парранда ва ҳаҷми истеҳсоли тухму гӯшти парранда мунтазам афзоиш меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар вилояти Суғд 6 миллиону 610 ҳазору 641 сар парранда мавҷуд мебошад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 352 миллиону 216,1 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0