https://sputnik.tj/20260610/britoniyo-ukraina-patriot-kumak-1078216031.html
Бритониё қасд дорад, ки ба Украина дар таҳияи силоҳи амсоли “Patriot” кумак кунад
Бритониё қасд дорад, ки ба Украина дар таҳияи силоҳи амсоли “Patriot” кумак кунад
Sputnik Тоҷикистон
Таҳияи силоҳ монанд ба низоми дифоъи ҳавоии Patriot барои коҳиш додани вобастагии Киев аз ИМА роҳандозӣ мегардад
2026-06-10T18:16+0500
2026-06-10T18:16+0500
2026-06-10T19:16+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
британия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0d/1076007527_0:251:3072:1979_1920x0_80_0_0_6827b8e93d4a4031d1748661c7d4318d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Лондон ба кӯмак дар таҳияи навъи низоми дифоъи ҳавоии Patriot дар Киев таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.Дар ин бора Telegraph хабар дод.Қайд карда мешавад, ки то ҳол маълумоти дақиқ дар бораи он, ки украинҳо ва бритониёиҳо чӣ қадар зуд метавонанд мушаки дифоъи ҳавоиро, ки ба Patriot монанд аст, эҷод кунанд, вуҷуд надорад.Охири моҳи май, Владимир Зеленский ба президенти ИМА Доналд Трамп ва Конгресси ИМА нома навишта, хостори афзоиши таъминоти низоми дифоъи ҳавоӣ ва мушакҳо барои онро бо сабаби норасоии афзояндаи лавозимоти ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина шуд.Зеленский баъдтар хабар дод, ки на Конгресси ИМА ва на Кохи Сафед ба номаи ӯ посух надодаанд.Русия бар он назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман дар низоъ ҷалб мекунад ва ин "бозӣ бо оташ" аст.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб барои музокирот имкон намедиҳад ва таъсири манфӣ мегузорад.
https://sputnik.tj/20260610/safarbarkunii-ukraina-gharb-schayratzada-1078204472.html
украина
британия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0d/1076007527_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_578864a4926e6ea33249c44ceff9cf0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, британия, сиёсат
украина, британия, сиёсат
Бритониё қасд дорад, ки ба Украина дар таҳияи силоҳи амсоли “Patriot” кумак кунад
18:16 10.06.2026 (Навсозишуда: 19:16 10.06.2026) Таҳияи силоҳ монанд ба низоми дифоъи ҳавоии Patriot барои коҳиш додани вобастагии Киев аз ИМА роҳандозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Лондон ба кӯмак дар таҳияи навъи низоми дифоъи ҳавоии Patriot дар Киев таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Дар ин бора Telegraph хабар дод.
"Британияи Кабир ба Украина дар эҷоди алтернатива ба низоми дифоъи ҳавоии Patriot кумак мекунад, то вобастагии Киев аз ИМА-ро коҳиш диҳад", - изҳор медорад нашрия.
Қайд карда мешавад, ки то ҳол маълумоти дақиқ дар бораи он, ки украинҳо ва бритониёиҳо чӣ қадар зуд метавонанд мушаки дифоъи ҳавоиро, ки ба Patriot монанд аст, эҷод кунанд, вуҷуд надорад.
Охири моҳи май, Владимир Зеленский ба президенти ИМА Доналд Трамп ва Конгресси ИМА нома навишта, хостори афзоиши таъминоти низоми дифоъи ҳавоӣ ва мушакҳо барои онро бо сабаби норасоии афзояндаи лавозимоти ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина шуд.
Зеленский баъдтар хабар дод, ки на Конгресси ИМА ва на Кохи Сафед ба номаи ӯ посух надодаанд.
Русия бар он назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман дар низоъ ҷалб мекунад ва ин "бозӣ бо оташ" аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ барои Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб барои музокирот имкон намедиҳад ва таъсири манфӣ мегузорад.