Табибони Қазоқистон барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омадаанд

© Foto / Пресс-служба Министерства здравоохраненияМедицинские специалисты из Казахстана посетили Республику Таджикистан.
Медицинские специалисты из Казахстана посетили Республику Таджикистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2026
Обуна шудан
Табибони қазоқистонӣ дар доираи сафари худ, аз бемористонҳои марказии Душане дидан хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Гуруҳи табибон аз Қазоқистон барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ин бора, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ташрифи мутахассисони Қазоқистон як қатор чорабиниҳо оид ба масъалаҳои акушерӣ, гинекология ва неонатология, мубодилаи таҷриба дар самти хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар дошта шудааст.
Табибони қазоқистонӣ дар доираи сафари худ, аз бемористонҳои марказии Душане дидан хоҳанд кард.
Сафари меҳмонон то 12-уми июн идома ёфта, боздид аз Маҷмааи тандурустии "Истиқлол”, Маркази саломатии №15-и шаҳри Душанбе, Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, Маркази перинаталии шаҳри Бохтар ва Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ба нақша гирифта шудааст, афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуд.

Бар асоси фармон Ҳукумати Тоҷикистон низомномаеро барои ин ҷоиза таҳия хоҳад кард, ки "қадами бесобиқа" дар омӯзиши мероси илмии фарзанди мардуми тоҷик хоҳад буд.

Ин ташаббус барои мукофотонидани олимон дар сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст ва ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи тандурустӣ ва илми байналмилалӣ гузоштаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳурии Тоҷикистон.
Врачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2025
Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шуд
Қобили зикри хос аст, ки дар осори илмии Абӯалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд.
Ба шарофати осори абадзиндаи хеш ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0