https://sputnik.tj/20260609/olmon-chand-mardi-ukrainii-sinni-khidmat-1078181703.html
Маълум шуд, дар Олмон чанд марди украинии синни хидмати ҳарбӣ зиндагӣ мекунад
Маълум шуд, дар Олмон чанд марди украинии синни хидмати ҳарбӣ зиндагӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Идораи федералии муҳоҷирати Олмон теъдоди мардони украинии синни хидмати ҳарбиро дақиқ карданд 09.06.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-06-09T15:30+0500
2026-06-09T15:30+0500
2026-06-09T15:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
олмон
хидмати ҳарбӣ
неруҳои украинӣ
паноҳандагӣ
теъдод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072550305_0:216:3072:1944_1920x0_80_0_0_1d6e6e64aafd4908c87bc76b2c07b020.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Дар Олмон 356 ҳазор марди украинии синни хидмати ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд.Дар ин бора, Идораи федералии муҳоҷирати Олмон иттилоъ додаастДар робита ба ин, мақомоти Олмон қатъи додани осони паноҳандагиро ба мардоне, ки аз Украина меоянд, баррасӣ мекунанд.Ин дар ҳолест, ки якчанд кишварҳои Аврупо аллакай зидди тамдиди паноҳандагӣ ба мардони украинии синни хадмат, баромад карданд.Масалан, Лаҳистон розӣ шуд, ки украиниҳои синни хидмати ҳарбӣ ва онҳоеро, ки Украинаро ғайриқонунӣ тарк кардаанд, аз барномаи ҳифзи муваққатии ИА хориҷ кунад.Инро Мачей Душчик, муовини вазири корҳои дохилӣ ва маъмурияти ҷумҳурӣ, эълон кард.Механизми ҳифзи муваққатӣ барои украиниҳо соли 2022 фаъол карда шуд ва ба гурезагони ҷангӣ аз он кишвар ҳуқуқи истиқомати қонунӣ, кор ва таҳсилро дар ҳамаи кишварҳои ИА кафолат медиҳад.Муқаррарот давра ба давра тамдид карда мешаванд. Муқаррароти кунунӣ дар моҳи марти соли 2027 ба охир мерасанд, аммо Комиссияи Аврупо аллакай дар бораи тамдиди онҳо барои як соли дигар кор карда истодааст ва эҳсосоти кишварҳои узвро арзёбӣ мекунад, бахусус бо назардошти он ки баъзеҳо аз ҷорӣ кардани баъзе маҳдудиятҳо пуштибонӣ мекунанд.Масалан, қаблан пешниҳод шуда буд, ки барои дархостҳои паноҳандагӣ маҳдудияти ҷуғрофӣ ҷорӣ карда шавад. Идея ин буд, ки мақомот иҷозат диҳанд, ки аз ҳимояи афрод аз минтақаҳои бехатари Украина, ба монанди вилояти Львов, даст кашанд.Пас аз он, ки Украина аз рӯйхати кишварҳои бехатар хориҷ карда шуд ва ҳамчун кишваре, ки пурра аз низоъ осеб дидааст, эътироф шуд, ин идея пош хӯрд.То охири моҳи марти соли ҷорӣ, 4,33 млн украинӣ дар ИА аз ҳимояи муваққатӣ баҳравар буданд: 28,7% дар Олмон, 22,3% дар Лаҳистон ва 9% дар Ҷумҳурии Чех.
https://sputnik.tj/20260605/lahiston-ukrainiho-sinni-khadmat-harbi-ia-1078070898.html
украина
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072550305_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_c7abd24561a3fe297c7d7888acd022da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, олмон, хидмати ҳарбӣ, неруҳои украинӣ, паноҳандагӣ, теъдод
украина, олмон, хидмати ҳарбӣ, неруҳои украинӣ, паноҳандагӣ, теъдод
Маълум шуд, дар Олмон чанд марди украинии синни хидмати ҳарбӣ зиндагӣ мекунад
Идораи федералии муҳоҷирати Олмон теъдоди мардони украинии синни хидмати ҳарбиро дақиқ карданд
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Дар Олмон 356 ҳазор марди украинии синни хидмати ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ин бора, Идораи федералии муҳоҷирати Олмон иттилоъ додааст
Дар робита ба ин, мақомоти Олмон қатъи додани осони паноҳандагиро ба мардоне, ки аз Украина меоянд, баррасӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки якчанд кишварҳои Аврупо аллакай зидди тамдиди паноҳандагӣ ба мардони украинии синни хадмат, баромад карданд.
Масалан, Лаҳистон розӣ шуд, ки украиниҳои синни хидмати ҳарбӣ ва онҳоеро, ки Украинаро ғайриқонунӣ тарк кардаанд, аз барномаи ҳифзи муваққатии ИА хориҷ кунад.
Инро Мачей Душчик, муовини вазири корҳои дохилӣ ва маъмурияти ҷумҳурӣ, эълон кард.
Механизми ҳифзи муваққатӣ барои украиниҳо соли 2022 фаъол карда шуд ва ба гурезагони ҷангӣ аз он кишвар ҳуқуқи истиқомати қонунӣ, кор ва таҳсилро дар ҳамаи кишварҳои ИА кафолат медиҳад.
Муқаррарот давра ба давра тамдид карда мешаванд. Муқаррароти кунунӣ дар моҳи марти соли 2027 ба охир мерасанд, аммо Комиссияи Аврупо аллакай дар бораи тамдиди онҳо барои як соли дигар кор карда истодааст ва эҳсосоти кишварҳои узвро арзёбӣ мекунад, бахусус бо назардошти он ки баъзеҳо аз ҷорӣ кардани баъзе маҳдудиятҳо пуштибонӣ мекунанд.
Масалан, қаблан пешниҳод шуда буд, ки барои дархостҳои паноҳандагӣ маҳдудияти ҷуғрофӣ ҷорӣ карда шавад. Идея ин буд, ки мақомот иҷозат диҳанд, ки аз ҳимояи афрод аз минтақаҳои бехатари Украина, ба монанди вилояти Львов, даст кашанд.
Пас аз он, ки Украина аз рӯйхати кишварҳои бехатар хориҷ карда шуд ва ҳамчун кишваре, ки пурра аз низоъ осеб дидааст, эътироф шуд, ин идея пош хӯрд.
То охири моҳи марти соли ҷорӣ, 4,33 млн украинӣ дар ИА аз ҳимояи муваққатӣ баҳравар буданд: 28,7% дар Олмон, 22,3% дар Лаҳистон ва 9% дар Ҷумҳурии Чех.