Мақомдорони Суғд оромгоҳи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемурро зиёрат карданд

© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской областиМогила Нусратулло Махсума, Шириншо Шотемура и Нисара Мухаммада на кладбище "Лучоб" в Душанбе.
Могила Нусратулло Махсума, Шириншо Шотемура и Нисара Мухаммада на кладбище Лучоб в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2026
Обуна шудан
Як гурӯҳи равшанфикрони вилояти Суғд барои поси хотири қаҳрамонони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар карданд
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Мақомдорони вилояти Суғд, оромгоҳи Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро зиёрат карданд.
Миёни ҳозирин, як гурӯҳ равшанфикрон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рӯзноманигорони вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд, Раҷаб Аҳмадзода қарор доштанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни маросим бар сари турбати фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммадро гулчанбар ва гулдастаҳо гузоштанд.
"Зимни зиёрат аз хизматҳои бузурги онҳо дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум, таҳкими пояҳои давлат ва рушди ҷомеа ёдоварӣ карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Таъкид гардид, ки корномаи ибратбахши ин фарзандони содиқи Ватан дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат хизмат хоҳад кард.
© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаб Ахмадзода посетил могилы Нусратулло Махсума, Шириншо Шотемура и Нисара Мухаммада.
Раджаб Ахмадзода посетил могилы Нусратулло Махсума, Шириншо Шотемура и Нисара Мухаммада. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2026
Гиромидошти хотираи чунин шахсиятҳои таърихӣ дар таҳкими худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат аҳаммияти бузург дорад.
© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаб Ахмадзода посетил могилы Нусратулло Махсума, Шириншо Шотемура и Нисара Мухаммада.
Раджаб Ахмадзода посетил могилы Нусратулло Махсума, Шириншо Шотемура и Нисара Мухаммада. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2026
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 май, бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи фарзандони барӯманди миллат — Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби намоёни сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад аз Маскав ба Ватан оварда шуда, дар пойтахти мамлакат бо эҳтироми шоиста ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0