Суханронии Путин дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург - 2026: Видео

Обуна шудан
Президенти Русия дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург -2026 ширкат мекунад
29-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF) дар пойтахти шимолии Русия баргузор мешавад.
Ин чорабинии тиҷоратии ҷаҳонӣ бори дигар намояндагони тиҷорати Русия ва хориҷиро ба ҳам меорад.
Чун анъана, чорабинии марказӣ суханронии президент Владимир Путин дар ҷаласаи умумӣ мебошад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 3 то 6 июн баргузор мешавад. Мавзӯи имсола "Муколамаи прагматикӣ: Роҳ ба сӯи ояндаи устувор" аст.
Барнома зиёда аз 150 ҷаласаи мубоҳисавӣ ва даҳҳо вохӯриҳои дуҷонибаро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, дар соли 2026 беш аз 20 ҳаз. нафар дар форум иштирок хоҳанд кард. Иштирокчиён иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия, амнияти киберӣ ва озуқаворӣ, энергетикаи ҷаҳонӣ, соҳаи иҷтимоӣ дар давраи технологияҳои нав, муҳити зист ва технологияҳои оянда ва нақши БРИКС дар тиҷорати навро баррасӣ хоҳанд кард.
Арабистони Саудӣ кишвари меҳмони фахрии Форум 2026 аст: ба ифтихори 100-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бо Федератсияи Русия, он стенди миллиро таъсис додааст.
Дар ин форум беш аз 130 кишвар ширкат мекунанд. Ин чорабинӣ аз соли 1997 дар Санкт-Петербург ва аз соли 2006 таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Русия баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0