Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Швейтсария омода аст музокироти Русия ва Украинаро ташкил кунад

© AP / Markus SchreiberЛюди переходят мост, украшенный флагами США и России, в Женеве, Швейцария
Люди переходят мост, украшенный флагами США и России, в Женеве, Швейцария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2026
Обуна шудан
"Нишасти ин сатҳ омодагии назаррасро талаб мекунад", аммо Швейтсария таҷрибаи ташкили чунин мулоқотҳоро дорад
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Швейтсария омодагии худро барои мизбонии музокироти байни Владимир Путин ва Владимир Зеленский тасдиқ мекунад, агар ҷонибҳо чунин хоҳиш дошта бошанд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария Николас Бидо иброз дошт.
"Бале. Агар ҷонибҳо хоҳиш дошта бошанд, Швейтсария омода аст, ки саммити сатҳи баланд оид ба Украинаро баргузор кунад", - гуфт ӯ.
Ӯ афзуд, ки "нишасти ин сатҳ омодагии назаррасро талаб мекунад", аммо Швейтсария таҷрибаи ташкили чунин мулоқотҳоро дорад.
"Агар шароити сиёсӣ даст диҳад, мо омода хоҳем буд", - қайд кард Бидо.
Қаблан, раҳбари Украина Владимир Зеленский дар сомонаи худ номаеро нашр кард, ки дар он ба президенти Русия Владимир Путин мулоқот дар кишвари сеюм пешниҳод кард ва Швейтсария, Туркия ё ягон аз кишварҳои арабро пешниҳод кард.
Владимир Зеленский на презентации беспилотников, созданных в рамках германо-украинского сотрудничества, в Берлине, Германия, вторник, 14 апреля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Киев барои созишномаҳои сулҳ омода нест
Дар посух ба нома, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Зеленский агар хоҳад, сӯҳбат кунад, метавонад дар вақти дилхоҳ ба Маскав биёяд.
Лентаи хабарҳо
0