https://sputnik.tj/20260605/serbiya-iiao-briks-oyanda-durakhshon-1078053416.html
Сербия бовар дорад, ки ИИАО ва БРИКС ояндаи дурахшон доранд
Сербия бовар дорад, ки ИИАО ва БРИКС ояндаи дурахшон доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ненад Попович мегӯяд, ки бо назардошти рушди кунунии логистика, таҳримҳои байналмилалӣ муассир нестанд
2026-06-05T10:34+0500
2026-06-05T10:34+0500
2026-06-05T10:34+0500
ииао
брикс
форум
иқтисод
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065175471_0:61:1401:849_1920x0_80_0_0_8e72bfde3af87d0a9cca0ac94fc00772.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Иттиҳодияҳо ба монанди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва БРИКС ояндаи дурахшон доранд ва чораҳои маҳдудкунандаи кунунӣ дар Аврупо ба натиҷаи дилхоҳ нахоҳанд расид.Дар ин бора, вазири Сербия Ненад Попович изщори назар кард.Дар ҷаласаи "Савдо дар замонҳои ноором" дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург - 2026, ӯ қайд кард, ки ин ҷумҳурӣ ҳамчун як қисми Югославия тақрибан 10 сол таҳти таҳрим қарор дошт.Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 3 то 6 июн баргузор мешавад. Мавзӯи имсола "Муколамаи прагматикӣ: Роҳ ба сӯи ояндаи устувор" аст.Барнома зиёда аз 150 ҷаласаи мубоҳисавӣ дар панҷ самт ва даҳҳо вохӯриҳои дуҷонибаро дар бар мегирад.Ба гуфтаи ташкилкунандагон, дар соли 2026 беш аз 20 ҳаз. нафар аз ин макон дидан хоҳанд кард. Иштирокчиён дар бораи иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия, амнияти киберӣ ва озуқаворӣ, энергетикаи ҷаҳонӣ, соҳаи иҷтимоӣ дар давраи технологияҳои нав, муҳити зист ва технологияҳои оянда ва нақши БРИКС дар тиҷорати нав сӯҳбат хоҳанд кард. Арабистони Саудӣ кишвари меҳмони Форуми Санкт-Петербург - 2026 аст: ба шарафи 100-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бо Федератсияи Русия, он стенди миллиро таъсис додааст.Дар ин форум беш аз 130 кишвар ширкат мекунанд. Чун анъана, чорабинии марказӣ суханронии президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи умумӣ, ки 5 июн баргузор мешавад, дар назар аст.Ин чорабинӣ аз соли 1997 ва аз соли 2006 таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки раҳбари Русия дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Имсол ин чорабинӣ 29-умин маротиба баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20260604/shoygu-talafoti-armaniston-iiao-hisob-1078039382.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065175471_94:0:1306:909_1920x0_80_0_0_0d995e22130d8493616fc6170740efc4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, брикс, форум, иқтисод, санкт-петербург
ииао, брикс, форум, иқтисод, санкт-петербург
Сербия бовар дорад, ки ИИАО ва БРИКС ояндаи дурахшон доранд
Ненад Попович мегӯяд, ки бо назардошти рушди кунунии логистика, таҳримҳои байналмилалӣ муассир нестанд
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Иттиҳодияҳо ба монанди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва БРИКС ояндаи дурахшон доранд ва чораҳои маҳдудкунандаи кунунӣ дар Аврупо ба натиҷаи дилхоҳ нахоҳанд расид.
Дар ин бора, вазири Сербия Ненад Попович изщори назар кард.
Дар ҷаласаи "Савдо дар замонҳои ноором" дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург - 2026, ӯ қайд кард, ки ин ҷумҳурӣ ҳамчун як қисми Югославия тақрибан 10 сол таҳти таҳрим қарор дошт.
"Ин пеш аз ҳама фишор аст. <...> Кишварҳои Аврупо аз ин лаҳза барои тасарруфи бозорҳое, ки мо назорат мекардем, истифода бурданд. <...> Тадбирҳо ноодилонаанд ва натиҷа намедиҳанд. Онҳо то ҳол роҳҳои тиҷоратро пайдо мекунанд. Замон нишон дод, ки ин боқимондаи гузашта аст", - гуфт Попович.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 3 то 6 июн баргузор мешавад. Мавзӯи имсола "Муколамаи прагматикӣ: Роҳ ба сӯи ояндаи устувор" аст.
Барнома зиёда аз 150 ҷаласаи мубоҳисавӣ дар панҷ самт ва даҳҳо вохӯриҳои дуҷонибаро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, дар соли 2026 беш аз 20 ҳаз. нафар аз ин макон дидан хоҳанд кард. Иштирокчиён дар бораи иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия, амнияти киберӣ ва озуқаворӣ, энергетикаи ҷаҳонӣ, соҳаи иҷтимоӣ дар давраи технологияҳои нав, муҳити зист ва технологияҳои оянда ва нақши БРИКС дар тиҷорати нав сӯҳбат хоҳанд кард.
Арабистони Саудӣ кишвари меҳмони Форуми Санкт-Петербург - 2026 аст: ба шарафи 100-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бо Федератсияи Русия, он стенди миллиро таъсис додааст.
Дар ин форум беш аз 130 кишвар ширкат мекунанд. Чун анъана, чорабинии марказӣ суханронии президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи умумӣ, ки 5 июн баргузор мешавад, дар назар аст.
Ин чорабинӣ аз соли 1997 ва аз соли 2006 таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки раҳбари Русия дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Имсол ин чорабинӣ 29-умин маротиба баргузор мешавад.