https://sputnik.tj/20260604/jinoyot-sodirshuda-ukraina-muhlat-davo-1078033019.html
Ҷиноёти содиршуда аз ҷониби Украина мӯҳлати даъво надоранд
Ҷиноёти содиршуда аз ҷониби Украина мӯҳлати даъво надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба автобус дар Ҷумҳурии Халқии Донетск (ҶХД) аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ мешавад ва шахсони гунаҳкор ҷазо дода мешаванд, изҳор дошт
2026-06-04T10:29+0500
2026-06-04T10:29+0500
2026-06-04T10:29+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳлат
ҷавобгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072550305_0:216:3072:1944_1920x0_80_0_0_1d6e6e64aafd4908c87bc76b2c07b020.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, ба монанди ҳамла ба автобус дар ҶХД, мӯҳлати даъво надоранд ва наметавонанд дар паси таблиғоти сиёсӣ пинҳон карда шаванд.Дар ин бора, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Яна Лантратова изҳори назар кард.Онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ мешаванд ва шахсони гунаҳкор ҷазо дода мешаванд, гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Яна Лантратова.Раиси ҶХД Денис Пушилин рӯзи чоршанбе хабар дод, ки як ҳавопаймои бесарнишини Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина автобуси хатсайри Маскав-Симферопол дар Енакиевои ҶХД мавриди ҳала қарор дод.Тибқи иттилоии пешакӣ, ҳафт нафар кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва дигар маълумоти талафот дақиқ карда мешавад.Ба гуфтаи ёвари вазири тандурустии Русия Алексей Кузнетсов, 10 нафар аз маҷрӯҳони ҳамла бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна дар беморхона бистарӣ шудаанд."Онҳое, ки шаҳрвандонро ба ҳадаф табдил медиҳанд, бояд донанд: чунин ҷиноятҳо мӯҳлати даъво надоранд ва наметавонанд дар паси шиорҳои сиёсӣ ва таблиғот пинҳон карда шаванд. Ба ҳар як далел баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад ва ҳар як гунаҳкор ҷазои сазовори худро мегирад", - навиштааст Лантратова дар шабакаи худ дар “Макс”.Ваколатдори федеролӣ инчунин ба оилаҳои кушташудагон ва захмиён дар ҶХД изҳори тасаллият кард."Дар ин лаҳзаи душвор мо бо онҳо ғамшарикем ва умедворем, ки ҳамаи ҷароҳатбардоштагон зуд шифо ёбанд", - афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20260603/volodin-gharb-haqiqat-hamlai-ukraina-1078022010.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072550305_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_c7abd24561a3fe297c7d7888acd022da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, муҳлат, ҷавобгарӣ
украина, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, муҳлат, ҷавобгарӣ
Ҷиноёти содиршуда аз ҷониби Украина мӯҳлати даъво надоранд
Ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба автобус дар Ҷумҳурии Халқии Донетск (ҶХД) аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ мешавад ва шахсони гунаҳкор ҷазо дода мешаванд, изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, ба монанди ҳамла ба автобус дар ҶХД, мӯҳлати даъво надоранд ва наметавонанд дар паси таблиғоти сиёсӣ пинҳон карда шаванд.
Дар ин бора, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Яна Лантратова изҳори назар кард.
Онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ мешаванд ва шахсони гунаҳкор ҷазо дода мешаванд, гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Яна Лантратова.
Раиси ҶХД Денис Пушилин рӯзи чоршанбе хабар дод, ки як ҳавопаймои бесарнишини Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина автобуси хатсайри Маскав-Симферопол дар Енакиевои ҶХД мавриди ҳала қарор дод.
Тибқи иттилоии пешакӣ, ҳафт нафар кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва дигар маълумоти талафот дақиқ карда мешавад.
Ба гуфтаи ёвари вазири тандурустии Русия Алексей Кузнетсов, 10 нафар аз маҷрӯҳони ҳамла бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна дар беморхона бистарӣ шудаанд.
"Онҳое, ки шаҳрвандонро ба ҳадаф табдил медиҳанд, бояд донанд: чунин ҷиноятҳо мӯҳлати даъво надоранд ва наметавонанд дар паси шиорҳои сиёсӣ ва таблиғот пинҳон карда шаванд. Ба ҳар як далел баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад ва ҳар як гунаҳкор ҷазои сазовори худро мегирад", - навиштааст Лантратова дар шабакаи худ дар “Макс”.
Ваколатдори федеролӣ инчунин ба оилаҳои кушташудагон ва захмиён дар ҶХД изҳори тасаллият кард.
"Дар ин лаҳзаи душвор мо бо онҳо ғамшарикем ва умедворем, ки ҳамаи ҷароҳатбардоштагон зуд шифо ёбанд", - афзуд ӯ.