Куҳистони Мастчоҳ: борону сел хисороти зиёд овардааст

© Foto / КЧС ТаджикистанаПоследствия схода селя.
Последствия схода селя.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2026
Обуна шудан
Таъкид шудаст, ки айни ҳол корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Борону сел дар Куҳистони Мастчоҳ тайи ду рӯзи охир хисороти зиёд овардааст.

Аз ҷумла 35 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 100 км роҳҳои маҳаллиро сел фаро гирифтааст, иттилоъ доданд мақомоти маҳаллӣ.
Бино ба гузориши мақомоти маҳаллӣ, шаби 2 юми май дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ роҳҳо ва қисме аз заминҳои кишоварзӣ инчунин дар чанд иншооти ёрирасон дар деҳаҳои ноҳия зарар расидааст.
Барои бартарафсозии оқибатҳои ин фоати табиӣ комиссияҳо ва ситодҳои махсус таъсис дода шудааст.

Дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи сохторҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Муасисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо ва мардуми маҳал саривақт корбари намуда дар деҳотҳо ситоди бартарафсозии офати табии ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин дар маҳали ҳодисаҳо воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳандагон низ фаъолият доранд.
Таъкид шудаст, ки айни ҳол корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома дорад.
Последствия селевых потоков в Канибадаме. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2026
Аз талафи замини пахтаю гандум то роҳбандӣ: Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносии кишвар аз 3 то 5 июн дар баъзе ноҳияҳои тобеъ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин қисмати ғарбии ВМКБ хавфи селфароӣ пешгӯӣ мешавад.

Кумита аз сокинон даъват менамояд, аз гашту гузор дар наздикии маҷрои дарёҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва нишебиҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва то ҳадди имкон ба минтақаҳои эҳтимолан хатарнок сафар накунанд.
Лентаи хабарҳо
0