Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мадяр барои ҳалли низоъ дар Украина кумаки дипломатӣ пешниҳод кард

© AP / Beata ZawrzelПремьер-министр Венгрии Петер Мадьяр выступает на пресс-конференции в Варшаве, Польша, в среду, 20 мая 2026 года.
Премьер-министр Венгрии Петер Мадьяр выступает на пресс-конференции в Варшаве, Польша, в среду, 20 мая 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2026
Обуна шудан
Маҷористон метавонад барои ҳалли низоъ дар Украина кумак расонад
ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Маҷористон метавонад ҳамчун майдони музокирот барои ҳалли низоъ дар Украина истифода шавад.
Дар ин бора, Петер Мадяр, сарвазири Маҷористон, изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки кишвараш метавонад барои ҳалли низоъ дар Украина кумаки дипломатӣ расонад ва ҳамчун макони музокирот бошад.
"Мо метавонем кумаки дипломатӣ ва башардӯстона расонем ва Маҷористон метавонад ҳамчун макони музокирот хизмат кунад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи Frankfurter Allgemeine Zeitung.
Мадяр ҳамчунин изҳор дошт, ки таъмини силоҳ амнияти Украинаро кафолат намедиҳад.
Украинские военнослужащие готовят ударный беспилотник Баба-яга в Донецкой области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина Ғарбро барои ҳамла ба нақлиёти шаҳрвандӣ истифода мебарад
"Кафолатҳои амниятӣ танҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дода мешаванд. Маҷористон дар ин ҷо наметавонад нақши ҳалкунанда бозад, ин фақат барои кишварҳои абарқудрат имконпазир аст", - афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, Русия доим гуфтааст, ки новобаста аз ҳар чизе, ба ҳадафҳои худ дар Украина бо роҳи осоишта ноил шуданро афзалтар медонад.
"Мо ҳамеша гуфтаем, ки новобаста аз ҳар чизе, ба ҳадафҳои худ бо роҳи осоишта ноил шудан барои мо афзалтар аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ӯ гуфт, ки агар Киев аз гуфтушунидҳои воқеӣ ва қарорҳои ҷиддӣ барои ҳалли мусолиматомез даст кашад, амалиёт идома хоҳад ёфт.
Песков изҳор дошт, ки Путин пешниҳодҳоро барои ҳалли бӯҳрони Эрон ба Трамп расонд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, бо кадом шартҳо амалиёти вижа метавонад дар як рӯз анҷом ёбад
Ба гуфтаи ӯ, амалиёти махсус метавонад то охири рӯз анҷом ёбад, аммо барои ин, Владимир Зеленский бояд ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина амр диҳад, ки минтақаҳои Русияро тарк кунанд.
Лентаи хабарҳо
0