https://sputnik.tj/20260602/tojikiston-sababi-kamtar-qarzgiri-khorijro-1077989765.html
Дар Тоҷикистон сабаби камтар шудани қарзгирӣ аз хориҷро дар соли 2025 тавзеҳ доданд
Дар Тоҷикистон сабаби камтар шудани қарзгирӣ аз хориҷро дар соли 2025 тавзеҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон сабаби аз нақша камтар шудани қарзгирии ҷумҳурӣ аз хориҷро дар соли 2025 тавзеҳ доданд.
2026-06-02T16:12+0500
2026-06-02T16:12+0500
2026-06-02T16:12+0500
қарздиҳӣ
вазорати молия
дар тоҷикистон
роғун
нбо "роғун"
лоиҳаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047476923_17:446:2743:1979_1920x0_80_0_0_b21355c8449d483d160e376e628ba2ce.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон сабаби аз нақша камтар шудани қарзгирии ҷумҳурӣ аз хориҷро дар соли 2025 тавзеҳ доданд.Сабаб ба таъхир афтодани муҳлати оғози татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошад, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои марбут ба маблағгузории сохтмони "Роғун" танҳо дар аввали соли 2026 оғоз шуд, ки ин сабаби ақибмонии ҳаҷми воқеии қарзгирӣ нисбат ба нақша мебошад, афзуд ин ниҳод.Ин дар ҳолест, ки Вазорати молияи Тоҷикистон қаблан сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба маблағи умумии 190 млн доллар маблағгузорӣ карда буд.Бунёди рушди Абу-Дабӣ бошад, барои сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 100 млн доллар ҷудо кардааст.Дар баробари ин бо якчанд ширкатҳо, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 2 млрд доллар ба даст омадаанд.Ғайр аз ин, Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки айни замон музокирот барои ба даст овардани 1,7 млрд доллари иловагӣ идома дорад.Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2008 инҷониб аз буҷаи давлатӣ ва дигар манбаъҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун беш аз 5 млрд доллар ҷудо шудааст.Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар он маросим ширкат кард.Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад.Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мегардонад.Мақомот нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.Интизор меравад, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии барқ дар фасли зимистон, аз байн бурдани маҳдудияти энергия ва афзоиши иқтидори содиротии энергияи Тоҷикистон мусоидат кунад.Айни замон нерӯгоҳи барқи обӣ ду агрегат дорад; аввалин агрегат 9 сентябри соли 2018 ва дуюмӣ соли 2019 ба кор андохта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати энергетика, онҳо дар соли 2024 беш аз 1,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ тавлид карданд.
https://sputnik.tj/20260130/mardum-barq-mekharem-limit-1074899530.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047476923_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_0650b3ea379aa9bdf5ab915b6eb527c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарздиҳӣ, вазорати молия, дар тоҷикистон, роғун, нбо "роғун", лоиҳаҳо
қарздиҳӣ, вазорати молия, дар тоҷикистон, роғун, нбо "роғун", лоиҳаҳо
Дар Тоҷикистон сабаби камтар шудани қарзгирӣ аз хориҷро дар соли 2025 тавзеҳ доданд
Татбиқи лоиҳаҳои марбут ба маблағгузории сохтмони "Роғун" танҳо дар аввали соли 2026 оғоз шуд, ки ин сабаби ақибмонии ҳаҷми воқеии қарзгирӣ нисбат ба нақша мебошад, гуфт, Вазорати молия
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон сабаби аз нақша камтар шудани қарзгирии ҷумҳурӣ аз хориҷро дар соли 2025 тавзеҳ доданд.
Сабаб ба таъхир афтодани муҳлати оғози татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошад, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.
Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои марбут ба маблағгузории сохтмони "Роғун" танҳо дар аввали соли 2026 оғоз шуд, ки ин сабаби ақибмонии ҳаҷми воқеии қарзгирӣ нисбат ба нақша мебошад, афзуд ин ниҳод.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати молияи Тоҷикистон қаблан сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба маблағи умумии 190 млн доллар маблағгузорӣ карда буд.
Бунёди рушди Абу-Дабӣ бошад, барои сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 100 млн доллар ҷудо кардааст.
Дар баробари ин бо якчанд ширкатҳо, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 2 млрд доллар ба даст омадаанд.
Ғайр аз ин, Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки айни замон музокирот барои ба даст овардани 1,7 млрд доллари иловагӣ идома дорад.
Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2008 инҷониб аз буҷаи давлатӣ ва дигар манбаъҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун беш аз 5 млрд доллар ҷудо шудааст.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар он маросим ширкат кард.
Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мегардонад.
Мақомот нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.
Интизор меравад, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии барқ дар фасли зимистон, аз байн бурдани маҳдудияти энергия ва афзоиши иқтидори содиротии энергияи Тоҷикистон мусоидат кунад.
Айни замон нерӯгоҳи барқи обӣ ду агрегат дорад; аввалин агрегат 9 сентябри соли 2018 ва дуюмӣ соли 2019 ба кор андохта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати энергетика, онҳо дар соли 2024 беш аз 1,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ тавлид карданд.