Песков: ИИАО то декабр ҳама нозукиҳои атрофи Арманистонро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкФлаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)
Флаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2026
Обуна шудан
Котиби матбуотии президенти Русия қайд кард, ки ниҳодҳои дахлдори кишварҳо бояд "дар бораи рушди ин масъала ба роҳбарон гузориш диҳанд"
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар изҳороти чаҳорҷонибаи раҳбарони кишварҳои ИИАО пешбинӣ шудааст, ки тамоми нозукиҳои марбут ба будубоши Арманистон дар ин иттиҳод то моҳи декабр кор карда мешаванд.
Дар ин бора, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт.
Ӯ қайд кард, ки ниҳодҳои дахлдори кишварҳо бояд "дар бораи пешрафти худ дар ин масъала ба роҳбарон гузориш диҳанд".
Сухангӯи Кремл афзуд, ки "ҳамаи ин бояд пеш аз моҳи декабр баррасӣ шавад".
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сарвазир Никол Пашинян, Арманистон ба кор дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) идома медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, кишвар то он даме, ки интихоб байни ин иттиҳод ва Иттиҳоди Аврупо ногузир гардад, узви ИАО боқӣ хоҳад монд.
"Албатта, қарорро мардуми Арманистон бояд тавассути раъйпурсӣ қабул кунанд", - гуфт Пашинян дар як муроҷиати видеоӣ.
Премьер-министр Армении Никол Пашинян во время встречи в Москве с президентом РФ Владимиром Путиным. 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2026
Арманистон дар ИИАО мемонад, то он даме ки интихоб миёни ин ва ИА ногузир шавад— Пашинян
Президенти Русия Владимир Путин бар он аст, ки Арманистон бояд ҳарчи зудтар дар бораи пайвастан ба ИА ё мондан дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё қарор қабул кунад, ки дар он сурат "ҷудошавии нарм ва оқилона" имконпазир мегардад.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков қаблан хабар дода буд, ки вазъияти атрофи Арманистон дар нишасти ИИО баррасӣ шуд ва роҳбарони Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи ҷумҳурӣ изҳорот нашр карданд.
Ad
Перила из нержавеющей
Лентаи хабарҳо
0