Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия хостори арзёбии ҷиноятҳои Украина нисбати кӯдакон шуд

© Sputnik / StringerЛоготип ОБСЕ на здании в Вене
Логотип ОБСЕ на здании в Вене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2026
Обуна шудан
Ин изҳорот пас аз ҳамлаи режими Киев ба бинои коллеҷ дар Старобилск, ки ҷони 21 нафарро гирифт, садо дод
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Русия аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) даъват кард, ки амалҳои ҷиноии Киевро таҳлил кунад.
Дар ин бора Дмитрий Полянский, намояндаи доимии дар назди ин созмон, ба РИА "Новости" изҳор дошт.
Ӯ ин изҳоротро ҳамчунин бо ёдоварӣ аз куштори бераҳмонаи наврасон дар Старобилск кард.
"Мақомоти дахлдори ин созмон, инчунин Дабири кулл, бояд ба ҷиноятҳои муназзам ва тӯлонии режими Киев нисбати кӯдакони русзабон дар Украина арзёбии объективӣ диҳанд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 май, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин ба бинои таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи касбии Старобилски Донишгоҳи омӯзгории Луганск ҳамла карданд.
Дар вақти ҳамла, 86 кӯдаки аз 14 то 18 сола дар дохил буданд. Тибқи маълумоти охирини Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, 44 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки 21 нафари онҳо фавтидаанд.
Роҳбари ҶМЛ Леонид Пасечник гуфт, ки 11 нафар то ҳол бедарак шудаанд.
Президенти Русия Владимир Путин ба Вазорати дифоъ дастур дод, ки пешниҳодҳоро барои вокуниш ба ҳамла омода кунад. Ӯ инчунин аз хизматчиёни низомии Украина даъват кард, ки фармонҳои фармондеҳии худро иҷро накунанд. Тафтишот ба ҳамлаи террористӣ оғоз шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба коллеҷ дар Старобилск ба ҳадди худ расидааст ва аз ин рӯ, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба иншооти комплекси низомии саноатии Украина, инчунин марказҳои қабули қарорҳо ва нуқтаҳои фармондеҳӣ дар Киев ҳамлаҳои доманадор анҷом медиҳанд.
Вазорат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кормандони намояндагии дипломатӣ, тавсия дод, ки ҳарчи зудтар Киевро тарк кунанд.
Лентаи хабарҳо
0