Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қарори Зеленский сабабгори баҳси бузурге миёни Киев ва Варшава гардид

© AP / Khalil HamraВладимир Зеленский дает интервью агентству Associated Press.
Владимир Зеленский дает интервью агентству Associated Press. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2026
Обуна шудан
Ҳафтаи гузашта Зеленский номи Маркази амалиёти махсуси “Шимол”-ро бо номи “Ба ифтихори қаҳрамонони Артиши шӯришиёни украина (UPA”* иваз кард
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Баҳс миёни Киев ва Варшава дар бобати қарори Владимир Зеленский дар бораи тағйир додани номи воҳиди Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба номи Артиши Шӯришиёни Украина (UPA)* ҷиддӣ шудааст.
Дар ин бора хабаргузории Telegraph хабар медиҳад.
Ин иқдоми Зеленский интиқоди шадиди президенти Лаҳистон Карол Навротский, сарвазир Доналд Туск, раҳбари собиқи давлат Лех Валенса ва дигар шахсиятҳои сиёсиро ба бор овард.
Ҳафтаи гузашта раҳбари режими Киев дар дафни боқимондаҳои раҳбари OUN Андрей Мелник дар минтақаи Киев иштирок кард ва инчунин номи Маркази амалиётҳои махсуси Шимол "-ро бо номи “Ба ифтихори қаҳрамонони UPA" иваз кард.
Украинские солдаты во время тактической тренировки на стрельбище в Харьковской области, Украина, в четверг, 29 февраля 2024 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Афсари иктишофӣ гуфт, ки миллатгароҳо дар минтақаи Харков чӣ кор мекунанд
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, OUN-UPA бар зидди нерӯҳои шӯравӣ дар тарафи фашистҳо ҷанг мекарданд.
Онҳо барои ҷиноятҳои сершумор, аз ҷумла қатли оми Волин — нобудсозии оммавии аҳолии поляки Волин дар соли 1943, масъуланд.
Ҳазорон украиниҳо низ, ки аз ҳамкорӣ бо миллатгароён саркашӣ мекарданд, ваҳшиёна кушта шуданд.
* Созмонҳои террористӣ, ки дар Русия мамнӯъ ҳастанд
Лентаи хабарҳо
0