https://sputnik.tj/20260601/olmon-qimat-dastgiri-kiev-andozsuporandagonash-dahshat-1077969962.html
Дар Олмон аз қимати дастгирии Киев барои андозсупорандагон ба даҳшат омаданд
Дар Олмон аз қимати дастгирии Киев барои андозсупорандагон ба даҳшат омаданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Олмон ба як ташаббуси дипломатӣ барои хотима додан ба ин ҷанги бемаънӣ ниёз дорад, мегӯяд сиёсатмадор
2026-06-01T16:18+0500
2026-06-01T16:18+0500
2026-06-01T16:18+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
олмон
украина
сиёсат
иа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/10/1074566229_0:37:3008:1729_1920x0_80_0_0_16b8df899b5589945df8f8c5932e496e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қимати низои Украина барои андозсупорандагони Олмон аз 100 млрд евро гузаштааст.Дар ин бора Сара Вагенкнехт асосгузори ҳизби BSW (қаблан “Иттиҳодияи Сара Вагенкнехт - барои ақл ва адолат”) изҳор дошт.Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Норберт Рёттген, намояндаи Иттиҳодияи масеҳии демократӣ (CDU) қаблан гуфта буд, ки Берлин бояд ба Украина кумаки молӣ расонад ва инчунин Киевро бо мушакҳои болдори "Таурус" таъмин кунад."Ҳукумати Олмон ба як ташаббуси дипломатӣ барои хотима додан ба ин ҷанги бемаънӣ ниёз дорад",- таъкид кард cиёсатмадор.Ба гуфтаи вай, канслери Олмон Фридрих Мертс ва Ҳизби масеҳии демократии Олмон сиёсатеро алайҳи мардуми худ пеш мебаранд ва бояд фавран аз қудрат барканор карда шаванд.Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, Олмон аз 24 феврали соли 2022 ба Украина тақрибан 39 млрд евро кумаки башардӯстона расонидааст. Боз 55 млрд еврои иловагӣ барои дастгирии низомӣ ҷудо карда шуд.
https://sputnik.tj/20260427/olmon-qarori-navi-merts-ukraina-1077126865.html
олмон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/10/1074566229_88:0:2819:2048_1920x0_80_0_0_b52a1989396a664cef2bb930b1d96de8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, украина, сиёсат , иа
олмон, украина, сиёсат , иа
Дар Олмон аз қимати дастгирии Киев барои андозсупорандагон ба даҳшат омаданд
Ҳукумати Олмон ба як ташаббуси дипломатӣ барои хотима додан ба ин ҷанги бемаънӣ ниёз дорад, мегӯяд сиёсатмадор
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қимати низои Украина барои андозсупорандагони Олмон аз 100 млрд евро гузаштааст.
Дар ин бора Сара Вагенкнехт асосгузори ҳизби BSW (қаблан “Иттиҳодияи Сара Вагенкнехт - барои ақл ва адолат”) изҳор дошт.
"Ҷанги Украина аллакай ба андозсупорандагони Олмон беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст. Танҳо соли ҷорӣ, боз 11 млрд евро барои кӯмаки низомӣ ба Киев ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, тӯҳфаи қаблии 90 млрд евро аз ҷониби ИА асосан аз ҷониби андозсупорандагони Олмон маблағгузорӣ мешавад", - изҳор дошт Вагенкнехт.
Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Норберт Рёттген, намояндаи Иттиҳодияи масеҳии демократӣ (CDU) қаблан гуфта буд, ки Берлин бояд ба Украина кумаки молӣ расонад ва инчунин Киевро бо мушакҳои болдори "Таурус" таъмин кунад.
"Ҳукумати Олмон ба як ташаббуси дипломатӣ барои хотима додан ба ин ҷанги бемаънӣ ниёз дорад",- таъкид кард cиёсатмадор.
Ба гуфтаи вай, канслери Олмон Фридрих Мертс ва Ҳизби масеҳии демократии Олмон сиёсатеро алайҳи мардуми худ пеш мебаранд ва бояд фавран аз қудрат барканор карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, Олмон аз 24 феврали соли 2022 ба Украина тақрибан 39 млрд евро кумаки башардӯстона расонидааст. Боз 55 млрд еврои иловагӣ барои дастгирии низомӣ ҷудо карда шуд.