Ифтитоҳи намоишгоҳ ба муносибати 85-солагии “Совинформбюро” дар Ню-Йорк

© telegram SputnikTjОжившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро
Ожившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Обуна шудан
Дар намоишгоҳ 30 акси машҳур аз бойгонии РИА Новости, ки байни солҳои 1940 ва 2020 гирифта шудаанд, намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Намоишгоҳи "85 соли Совинформбюро. Таърихи зинда. Давраи сабтшуда" имрӯз дар қароргоҳи СММ кушода шуд.
Дар намоишгоҳ 30 акси машҳур аз бойгонии РИА Новости, ки байни солҳои 1940 ва 2020 гирифта шудаанд ба марази тамошо гузошта мешаванд. Байни онҳо аксҳои ҷанги Сталинград, паради ғалабаи соли 1945, парвози аввалин Юрий Гагарин, Бозиҳои олимпӣ дар Маскав, Сочи ва Милан, инчунин амалиётҳо нерӯҳои сулҳҷӯ ва вохӯриҳои роҳбарони ҷаҳон мебошанд.
Дар намоишгоҳ аксҳои аксбардорони машҳур, аз ҷумла аксбардорони давраи ҷанг, намоиш дода мешаванд. Дар он аксҳои Георгий Зелма, Евгений Халдей, Владимир Гребнев, Михаил Озерский, Игор Костин ва дигар аксбардорони машҳур ба намоиш гузошта шудаанд.
© telegram SputnikTjОжившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро
Ожившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Ожившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро
Хусусияти беназири намоишгоҳ ҷузъи бисёррасонаии он аст, ки наворҳои таърихиро “зинда” мекунад: меҳмонон на танҳо аксҳои статикӣ, балки ҳаракаткунанда, бо ифодаҳои чеҳра ва тағйири самтро мебинанд, лаҳзаҳои сабтшудаи гузашта дигар лаҳзаҳои сомит намемонанд.
Маводҳои намоишӣ бо таърихи Бюрои матбуотии шӯравӣ (Совинформбюро), ки соли 1941 таъсис ёфтааст, пайванди ногусастанӣ доранд. Баъдтар он ба Оҷонсии матбуоти “Новости” ва сипас ба РИА Новости табдил дода шуд, ки анъанаҳои онро имрӯз гурӯҳи расонаии "Россия Сегодня" идома медиҳад. Бойгонӣ, ки дар тӯли 85 сол ҷамъоварӣ шудааст, асоси намоишгоҳро ташкил медиҳад.
© telegram SputnikTjОжившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро
Ожившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Ожившая история: в штаб-квартире ООН открылась выставка к 85-летию Совинформбюро
"Барои мо эҳтироми ин мерос муҳим аст. Намоишгоҳ на танҳо эҳтиром ба собиқадорони фотожурналистика, балки даъват ба тамошобинон барои дидани он аст, ки анъанаҳои гузоришдиҳии ростқавлона, эҳсосӣ ва фаҳмо имрӯз чӣ гуна ҳифз мегарданд. Мо ифтихор дорем, ки имкони намоиши ин тасвирҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дорем", - қайд кард Дмитрий Горностаев, муовини директори генералии гурӯҳи расонаии "Россия Сегодня".
Намоишгоҳ дар қароргоҳи СММ оғози як лоиҳаи бузурги байналмилалӣ мебошад.
Аз 24 июн — аз рӯзи солгарди Бюрои иттилоотии Шӯравӣ — сар карда, дар рӯзҳои баъдӣ, ин намоишгоҳ дар як қатор кишварҳо, ҳам онлайн ва ҳам ҳамчун намоишгоҳҳои доимии анъанавӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0