Мақомдори қирғз: ИИАО ба нуқтаи ҷалби кишварҳои манфиатдор табдил ёфтааст

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкФлаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)
Флаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2026
Обуна шудан
Мансабдори қирғиз гуфт, ки Иттиҳодия кишварҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ ҳастанд, ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Роҳбари Департаменти ҳамоҳангсозии ИИАО дар Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Элимбек Каныбек уулу, дар як мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ИИАО гуфт, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба як ҷозибаи кишварҳое табдил ёфтааст, ки ба ҳамкории боэътимод таваҷҷӯҳ доранд.
Ба гуфтаи вай, эътимод ба ин созмон дар саросари ҷаҳон хеле баланд аст.
"Иттиҳодияи мо кишварҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ ҳастанд, ҷалб мекунад. Дар ду соли охир бо Эрон, Муғулистон, АМА ва Индонезия созишномаҳо ба имзо расидаанд. Музокирот бо Тунис ба зудӣ оғоз мешавад ва имкони ҳамкорӣ бо Покистон низ омӯхта мешавад", - қайд кард Каныбек уулу.
Вай илова кард, ки шумораи нозирон дар ИИАО афзоиш меёбад ва то соли оянда нозирони нав ба он ҳамроҳ шаванд.
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Медведев: Арманистон бозорҳои Русия ва ИИАО-ро бинобар сиёсати Пашинян аз даст медиҳад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0