Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Бортников: Украина бузургтарин маркази қочоқи силоҳ дар Аврупо шудааст

© REUTERS /Anatolii StepanovВоеннослужащие 148-й отдельной артиллерийской бригады Житомирских Вооруженных сил Украины готовят ракеты для реактивной системы залпового огня БМ-21 "Град" в Днепропетровской области, Украина, 25 мая 2026 года.
Военнослужащие 148-й отдельной артиллерийской бригады Житомирских Вооруженных сил Украины готовят ракеты для реактивной системы залпового огня БМ-21 Град в Днепропетровской области, Украина, 25 мая 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2026
Обуна шудан
Раҳбари ФСБ-и Русия гуфт, ки Украина бузургтарин маркази паҳнкунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дар Аврупо гаштааст
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раҳбари Сервиси амнияти федералии Русия (ФСБ) Александр Бортников, изҳор дошт, ки режими Киев Украинаро ба бузургтарин маркази фурӯши ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дар Аврупо табдил додааст.
"Таҳти назорати наздики кишварҳои Ғарб, Украина ба омили ҷиддии нооромкунанда дар Иттиҳод табдил ёфтааст. Амалҳои режими Киев боиси табдил ёфтани кишвар ба бузургтарин маркази қочоқи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дар Аврупо шудаанд", - гуфт ӯ дар ҷаласаи 58-уми Гурӯҳи махсуси вокуниши фаврии ИДМ.
Оқои Бортников афзуд, ки масалан, аввали соли ҷорӣ ФСБ якҷоя бо КГБ-и Беларус кӯшиши қочоқи беш аз 500 дастгоҳи таркандаро ба Русия барои ҳамлаҳои террористӣ пешгирӣ кард.
Ҳамзамон раҳбари ФСБ таъкид кард, ки Аврупо Украинаро ба як макони фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ки алайҳи Русия кор мекунанд, табдил додааст.
Пункт воздушного наблюдения группировки войск Запад на Краснолиманском направлении СВО.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия: Ба иншооти фармондеҳии низомии Украина ҳамлаи ҷавобӣ анҷом шуд
Ҳамчунин Украина ба гуфтаи вай ба як майдони озмоиши намудҳои нави силоҳ ва омӯзиши системаҳои низомии зеҳни сунъӣ табдил ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0